Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба норозиён дар Сурия 15 нафар кушта шудаанд


Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, нерӯҳои амниятии Сурия дар ҳамла ба издиҳоми тазоҳуркунандагон дастикам 15 нафарро куштаанд. Ҳалокати мӯътаризон дар шаҳрҳои Димишқ. Ҳумс ва Кисво ба вуқӯъ пайвастааст. Тазоҳуркунандагон барканории режими президент Башор Асадро талаб мекунанд. Телевизиони давлатии Сурия афроди мусаллаҳро дар қатли шаҳрвандон дар ноҳияи Барзах айбдор кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар нооромиҳо дар Сурия, сар аз моҳи март зиёда аз 1300 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Сурия мегӯянд, ситезаҷӯёни исломӣ ва дастаҳои ғоратгар зиёда аз 200 корманди полис ва нерӯҳои амниятиро ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG