Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ню Йорк издивоҷи ҳамҷинсон қонунӣ шуд


Ню Йорк шашумин иёлати Амрико шуд, ки издивоҷи ҳамҷинсгароёнро расмӣ кард. Раиси иёлат, Эндрю Куомо, ки аз ин тарҳ шадидан ҳимоят мекард, рӯзи ҷумъа, баъд аз тасвиб шудани он аз тарафи сенати иёлати Ню Йорк, онро ба имзо расонд. Қонун пас аз як моҳ вориди амал мешавад. Шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг, ки низ аз ҳомиёни ҳуқуқи ҳамҷинсгароён аст, тасвиби қонунро "пирӯзии таърихии баробарӣ ва озодӣ” номид. Ню Йорк, бо 19 миллион аҳолияш бузургтарин иёлате хоҳад буд, ки издивоҷи ҳамҷинсонро қонунӣ кардааст. Қаблан, иёлатҳои Коннектикут, Айова, Массачусетс, Ню Ҳампшир ва Вермонт ин қонунро қабул карда буданд.
XS
SM
MD
LG