Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъкиди Эрон ва Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ


Тоҷикистон ва Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаи ҳарбӣ ва техникӣ таъкид кардаанд.

Ин нуқта дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Теҳрон баён шудааст.

Сарони Тоҷикистон ва Эрон инчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳангро баррасӣ намудаанд.

Аз ҷумла ҷонибҳо ба рафти иҷрои созишномаҳои аз пеш ҳосилшуда, аз ҷумла доир ба анҷоми бунёди нерӯгоҳи Сангтўда- 2 ва бунёди дигар нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, масъалаи густариши ҳамкориҳои бештари фарҳангӣ байни се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон таъкид шудааст.

Кӯмак ба истиқрори суботу оромӣ дар Афғонистон ва таъмини амният дар ин кишвари ҳамзабон аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯи раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон будааст.

Лозим ба ёддоварист, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми июн дар раъси як ҳайати давлатӣ озими Теҳрон шуда буд ва қарор аст дар конфронси байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми июн дар пойтахти Эрон баргузор мегардад, ширкат намояд.

Пешбинӣ мешавад, ки дар нишасти байнулмилалӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи масоили муҳиме чун мубориза алайҳи даҳшатафканӣ ва роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони Афғонистон суханронӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG