Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урунбой Усмонов. Журналист ва маҳбус.


Номи Урунбой Усмонов тайи ду ҳафта мешавад, ки дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ ва дохилии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Сарнавишти ӯ мавриди нигаронии баъзе аз кишварҳои демократии ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалии журналистӣ қарор гирифтааст.

САРУ САДОҲОИ БОЗДОШТИ УСМОНОВ

Агар ба сафҳаҳои Twitter ва Facebook ҳам назар андозед, даҳҳо баёнияву эътирозоти созмонҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои журналистиро мебинед, ки аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки хабарнигори бахши узбекии радиои Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд Урунбой Усмонов, ба зудтарин фурсат аз боздоштгоҳ раҳо карда шавад.

Даҳҳо ҳамкорон ва ҳамкасбҳои Урунбой Усмонов рӯзи 22-юми июн аз қароргоҳи марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон берун омаданд ва ба нишони ҳамгироӣ ва пуштибонӣ аз оғои Усмонов дар як ҳамоиш, аз ҳукумати Тоҷикистон хостори
Кормандони радиои Би-Би-Сӣ хостори раҳоии ҳамкорашон ҳастанд

раҳоии ӯ шуданд. Онҳо дар даст акси ҳамкори хуҷандии худ Урунбой Усмоновро медоштанд ва мегуфтанд, ки «Урунбой Усмоновро озод кунед»

Дар ин ҳамоиш Питер Ҳоррокс, Раиси бахши ҷаҳонии Би-Би-Сӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки Урунбой Усмоновро танҳо нахоҳанд гузошт ва аз ҳамаи давлатҳо даъват хоҳанд кард, ки ба Тоҷикистон фишор ворид кунанд.

То ин замон сафорати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз бозддошти хабанигори Би-Би-Сӣ изҳори нигаронӣ намуда аз мақомоти Тоҷикистон хостори мусоидат ба озодии Усмонов шуд. Аз ин пеш сафоратхонаҳои Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо, САҲА, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хостаанд Урунбой Усмонов фавран озод карда шавад.

Қабл аз ҳамоиши эътирозии ҳамкорони Урунбой Усмонов, гурӯҳе аз хабарнигорон, бо баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Лондон, хостори озодии ӯ аз боздоштгоҳ шуданд.

Онҳо таъкид мекарданд, ки боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нишонаи дигари маҳдуд сохтани озодии

сухан дар ин кишвар аст ва шиор медоданд "Аз ҳамла ба расонаҳои мустақил даст бардоред.»

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба озодии расонаҳо, 16-уми июн дар номае ба вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, изҳори нигаронӣ карда буд.

БИ-БИ-СӢ БА ДУНБОЛИ РАҲОИИ ХАБАРНИГОРАШ

Мудири бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Сӣ, Ҳамид Исмоилов ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон мебошад ва ҳадафи сафари ӯ гуфтушунид бо мақомоти Тоҷикистон аст. Вай дар робита ба ин масъала чунин гуфт: «Ман маҳз ба хотири масъалаи боздошти Урунбой Усмонов дар инҷо ҳастам. Мо мехоҳем вазъияти ба амаломада дар робита ба хабарнигорамон Усмоновро бо мақомоти расмии Тоҷикистон рӯшан созем. Мушаххас кунем, чӣ зарфияте таваҷҷӯҳи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар масъалаи боздошти ин хабарнигорро ҷалб кардааст. Ва дар айни замон мехоҳем ба мақомоти расмии Тоҷикистон мавқеи худро бифаҳмонем, ки Урунбой
Мудири бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Сӣ, Ҳамид Исмоилов
Усмонов ҳеҷ иртиботе бо Ҳизбуттаҳрир надорад ва ҳарчизе, ки ҳаст марбут ба вазифаи журналистии ӯ мебошад.»

Бо вуҷуди ин, ки пойгоҳҳои журналистии ҷаҳонӣ ва созмонҳои масоили ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ҳамкасбҳои Урунбой Усмонов кӯчактарин риштаи ҳамкории Усмоновро бо созмони мамнуъи Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон инкор мекунанд, вале мақомоти Тоҷикистон зоҳиран исрор мекунанад, ки вай бо ин созмон, яъне бо таҳририён ҳамкорӣ доштааст. Ва барои ин иттиҳом чанд далели мӯътамад дар даст доштаанд.

"ҲАНГОМА БЕШТАР АЗ ВОҚЕИЯТ."

Давлат Назрӣ, раиси Департаменти итилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар дар робита ба масъалаи марбут бо Урунбой Усмонов бо Раиси бахши Осиёи Миёнагии Би-Би-Сӣ Ҳамид Исмоилов мулоқот доштааст.

Давлат Назрӣ мегӯяд, ки дар атрофи номи Усмонов мисли ин, ки аз воқеият дида ҳангома бештар аст. Вай мегӯяд, ба Ҳамид Исмоилов фаҳмонидааст, ки то кунун ба ҷуз як номаи намоянадаи САҲА, дигар ба ин вазорат ҳеҷ ниҳоде дар робита ба Усмонов муроҷиат накардааст: «Ман ба намояндаи Би-Би-Сӣ гуфтам, ки мо низ ҳавасманд ҳастем, ки ин қазия мусбат ҳал шавад. Сӯҳбатҳое, ки ман бо намояндагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар робита ба Усмонов доштам маълум аст, боздошти эшон ба фаъолияти
Давлат Назрӣ, раиси Департаменти итилооти вазорати хориҷаи Тоҷикистон
хабарнигориашон рабт надорад ва эшон бо далелҳои мӯътамаде дастгир шудааст, ки ҷараёни тафтишот онро ҳамаҷониба санҷад. Ва набояд ба ҷараёни тафтишот фишоре оварда шавад. Он шикоятҳое, ки дар робита ба саломатии Урунбой расид, мо ба мақомоти зидахл расонидем ва ҳоло ӯро аз Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар Хуҷанд, ба боздоштгоҳ мувақатӣ интиқол доданд. Ҳоло ҳам вакили мудофеъ ва ҳам пайвандон тавонистанд аз Урунбой Усмонов хабар гиранд.»

Тавре аз ин ҳарфҳои сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯшан мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ба ин бовар ҳастанд, ки Урунбой Усмонов бо Ҳизбуттаҳрир ҳамкорӣ дорад ва ин иттиҳомест, дар муқобили оғои Усмонов ҳанӯз дар рӯзи боздошташ 13-уми июн аз тарафи мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, баён дошта шуда буд.

ВАРАҚАҲОИ ТАҲРИР ДАР ДОХИЛИ САМБӮСА?

Тақрибан ба ҳамин мазмун Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмонов, ишора мекунад, ки вақте ба хабаргирии шавҳараш мерафт, ба онҳо иҷозаи вуруд намедоданд, вале хӯрданию дигар анвои лозимиро иҷоза медоданд, ки дохил барем. Ҷолибтар ин аст, ки маъмурони боздоштгоҳ ҳатто нону самбӯсаҳоро пора карда баъд иҷоза медоданд, ки мабодо варақаҳои Ҳизбутаҳрир дар даруни самбӯсаҳо бошад: «Шавҳарамро саҳари 22-уми июн аз идораи амният ба Сизои шаҳри Хуҷанд кӯчонданд. Мо хоҳиш кардем, ки шавҳарамро бинам, аммо гуфтанд, ки коғаз (иҷозатнома) биоред. Вале хӯрдание, ки барои Урунбой бурдем гирифтанд. Гирифтанду тагу рӯ карданд, бисёр кофтанд, самбӯсаҳоро дупора-дупора карданд гуфтанд, ки шавҳарат Ҳизбутаҳрир аст, боз дар самбӯсаҳо варақаҳои таҳрирро ҷой накарда бошанд.»

ЧАРО УСМОНОВ ФАВРАН БА ВАКИЛИ МУДОФЕЪ ТАЪМИН НАШУД?


Аммо дар ин ҷо суоле пеш меояд, ки агар мақомоти интизомии Тоҷикистон эътимод доранд, ки Урунбой Умонов дар ҳақиқат бо созмони Ҳизбутаҳрир ҳамкорӣ дорад, пас чаро дафъатан бо вакили мудофеъ таъмин карда нашуд? Ва дар Раёсати амнияти Хуҷанд нигоҳдорӣ ва мавриди пурсиш
Хонаводаи Урунбой Усмонов хостори раҳоии ӯ ҳастанд
қарор дода шуд. Мешавад, гуфт, ки дар инҷо асроре нуҳуфтааст ва чӣ метавонад бошад.

Ҳуқуқдони тоҷик Абуқаюм Юсуфов мегӯяд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ва қонунӣ, дар инҷо ҳеҷ асроре нест, зеро Қонуни кайфарии Тоҷикистон пас аз тағйиру иловаҳо дар соли 2010 нишон медиҳад, ки пас аз боздошти фарде, ки дар қайди мақомоти интизомӣ гирифта мешавад, ҳамзамон бо боздошт бояд бо вакили мудофеъ таъмин карда шавад.

Аммо Урунбой Усмонов пас аз боздошташ ҳатто чанд рӯзи ба сар бурдан дар Раёсати амнияти вилоят аз дидор бо вакили мудофеаш Файзиннисо Воҳидова маҳрум буд, зеро ӯро бо ҳар баҳона иҷоза намедоданд вориди боздоштгоҳ шавад.

Пурсида мешавад дар кадом ҳолат мақомоти интизомии кишвар фурсатталбӣ мекунанд ва намехоҳанд шахси боздошташуда зуд бо адвокат рӯ ба рӯ шавад.

Абдуқаюм Юсуфов ҳуқуқдони тоҷик дар робита ба ин масъала мегӯяд: «Чаро дар ин ҳолат муфаттиш фурсатталабӣ мекунад, барои ин, ки адвокат метавонад ба ҳар ҳарфу суоли нодуруст ва ё ноҷои муфаттиш ба додгоҳу додситонӣ шикоят барад.»

Масъалаи дуввуме, ки оғои Юсуфов меафзояд ин аст, ки вақте далелҳои мӯътамад барои айбдор кардани боздоштшуда дар даст нест, муфаттиш ҳаракат мекунад, ки бо ҳар далели нокифояе дар даст дорад, шахси айбдоршавандаро мутақоид кунад ва айбро ба гардани ӯ ҳарчӣ барвақтар дайн кунад. Аз ин рӯ дар ҷараёни ин пурсишҳои ибтидоӣ, беҳтар мешуморанд, ки адвокат набошад.

Ҳамин тавр пас аз пойфишориҳои вакили мудофеъ, дар таърихи 22-юми июн Файзиннисо Воҳидова тавонист бо зерҳимояи худ Урунбой Усмонов дидори нахустин дошта бошад.

САРУ САДОҲОИ МУЛОҚОТИ ДУ ХАБАРНИГОР БО УСМОНОВ

Суоли дигаре, ки ҳамчунон посухи ҷиддӣ мехоҳад ин буд, ки то замони мулоқоти вакили мудофеъ бо Урунбой Усмонов, Раёсати амнияти вилояти Суғд ду хабарнигорро вориди боздоштгоҳ намуд ва бо Урунбой рӯ ба рӯ кард.

Яке аз ин хабарнигорон Илҳоми Ҷамолиён, раиси Иттиҳодияи журналистони вилояти Суғд аст, ки дар робита ба мулоқоташ ба радиои Озодӣ чунин гуфт: «Ҳудудан сӯҳбати мо нимсоат идома кард ва мо тақозо кардем, ки дар заминаи қавонини ҷории кишвар ва меъёрҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ба парвандаи Урунбой Усмонов расидагӣ шавад. Баъд мо берун шудем, сӯҳбати мо шифоҳӣ сурат гирифт ва ба мо асноди парвандаро ҳам нишон надоданд, ҳеҷ ҳуҷҷате ҳам нишон надоданд.»

Бо вуҷуди он, ки Илҳоми Ҷамолиён мегӯяд, ки бо дастури Иттиҳоди журналистони кӯшиш кардааст, ки аз аҳволи журналисти боздоштшуда хабар гирад, вале ин амал хашми вакили мудофеъи Урунбой Усмонов Файзиниссо Воҳидоваро ба вуҷуд овард. Зеро ба қавли Файзиниссо Воҳидова, қонунҳои Тоҷикистон ба ҳеҷ сурат иҷоза намедиҳанд, ки шахси боздоштшуда бидуни ҳузури вакили мудофеъ бо ҳар касе сӯҳбат кунад, сарфи назар аз ин, ки хоҳ журналист бошад, хоҳ муфаттиш ва ё ҳар фарди дигар.

Ба ин тартиб хонум Воҳидова аз додситонии вилояти Суғд тақозо кардааст, ки алайҳи Ленура Мустафаева ва Илҳоми Ҷамолиён, ду хабарнигори маҳаллӣ дар ин вилоят, бар асоси Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои ҷамъоварии
Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Усмонов
ғайриқонунии иттилоот дар бораи зиндагии хусусӣ ва ифшои иттилооти марбут ба тафтишоти ибтидоӣ, парванда боз кунад.

Вале хонум Воҳидова мулоқоти худ бо зерҳимояашро қадами ҷидии пешрафт дар қазияи Урунбой Усмонов медонад. Урунбой Усмонов бо дидани вакили мудофеъи худ ҷуръат пайдо намуд ва мавқеи аслии худро дар ҳузури вакил мудофеъ ба муфатиши парвандааш арз доштааст.

УСМОНОВ ИТТИҲОМОТРО РАД МЕКУНАД

Хонум Воҳидова мегӯяд, ки «Урунбой Усмонов бо қатъият айби алайҳи вай эълоннамударо рад кард ва ҳамчун журналист ба масъалаи фаъолияти Ҳизбуттаҳрир чун созмони иртиҷоӣ дар Тоҷикистон муносибат кардани худро таъкид кард. Қонуни матбуоти Тоҷикистон ба рӯзноманигор иҷоза медиҳад, ки манбаъҳои худро метавонад пинҳон дорад ва фош насозад. Аз ин нуқтаи назар ҷурме, ки ба гардани Усмонов зада шудааст, ғайриқонунӣ мебошад.»

ОЁ УСМОНОВ УЗВИ ҲИЗБУТТАҲРИР АСТ?


Рӯзи 23-июн мулоқоти навбатии вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова бо Урунбой Усмонов ва намояндагони Ҳизбуттаҳрир дар ҳузури муфаттиш Саид Саймуддинов дар боздоштгоҳи тафтишотии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар он яке аз далелҳое, ки ҳамкории Урунбой Усмоновро бо Ҳизбуттаҳрир маълум мекунад, мавриди суолу ҷавоб қарор гирифтааст.

Ин далел, ки ба қавли муфаттиш Саид Саймуддинов мӯътамад ба шумор меояд, пас аз навиштаи хабарнигори Пресса.тҷ Элнора Мустафаева ба даст омадааст. Элнора Мустафаева, ки дар Раёсати амнияти Хуҷанд бо Урунбой Усмонов мулоқот карда буд, хулосаи худро дар Пресса.тҷ ҷой додааст, ки тибқи навиштаи вай, Абдунабӣ Абдуқодиров ва Яҳё Раҳмонхоҷаев, ки амири Ҳизбуттаҳрир дар вилояти Суғд шинохта шудааст, иртиботи оқои Усмонов бо ин созмон таъйид кардаанд.

Ба навиштаи хонуми Мустафаева, ин ду нафар дар бораи мулоқотҳои эҳтимолии худ бо хабарнигори Би-Би-Сӣ, додани китобу варақаҳо ба ӯ ва ин, ки аъзои Ҳизбуттаҳрир гӯё дар мавриди Урунбой аз вожаи "бародар" истифода мекарданд ва ин гӯё ба маънии узвияти ӯ буда, шарҳ додаанд.

Аммо дар ин суолу ҷавоби чашм ба чашми рӯзи панҷшанбе намояндаи Ҳизбуттаҳрир комилан навиштаи хабанигори Пресса.тҷ-ро рад карда ва гуфтааст, ки ин гуна ҳарфҳоро ба хабарнигор нагуфтааст. Яъне ба қавли вакили мудофеъ, яке аз айбҳое, ки ба гардани Усмонов гузошта шуда буд, рад карда шуд.

Ин мулоқот чашм ба чашм соати 10-и субҳ оғоз шуда тақрибан дар соати 20-и шом анҷом ёфт. Ҳамин тавр бо ду узви дигари Ҳизбуттаҳрир мулоқоти чашм ба чашм дар боздошт дар ҳузури муфаттиш сурат гирад.

НАВИШТАҲОИ ЯКҶОНИБА БАРРАСӢ МЕШАВАД

Зимнан, дафтари Би-Би-Сӣ, дар Душанбе нисбати навиштаи сомонаи Пресс.тҷ ва чанд нашрияи дигар, ки дар робита ба қазияи Урунбой Усмонов мақолаҳо ба нашр расондаанд, изҳори норозигӣ намуда ба Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз дидгоҳи арзишҳои журналистӣ баррасӣ карда шаванд.

Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки аллакай гурӯҳи корӣ
Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон

таъсис дода ва ин навиштаҳоро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод: «Дафтари Би-Би-Сӣ нисбати мақолаҳои Пресса.тҷ ва рӯзномаи «Народная газета ба мо шикоят овард, ки дар навиштаҳои инҳо дар хусуси боздошту иттиҳоми Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-Би-Сӣ иштибоҳҳо роҳ дода шудааст. Мо ин маводро ба ихтиёри ҳайати кумиссюни худ гузоштем ва онҳо пас аз омӯзиш хулосаи худро баён хоҳанд дошт.»

"УСМОНОВ-ХАБАРНИГОРИ ҲИРФАӢ"


Ҳамкорони Урунбой Усмонов мегӯянд, ки тайи ин чанд соле, ки эшон бо Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд ҳамкорӣ дорад, ба унвони як хабанигори ҳирфаӣ талош кардааст, ки дар мавзӯъҳои ҳассосу доғи ҷомеаи Тоҷикистон гузориш омода кунад.

Раиси Бахши Осиёи Миёнагии Би-Би-Сӣ Ҳамид Исмоилов мегӯяд, ки муҳаррири гузоришҳои Усмонов ҳам мебошад, дар робита ба ин мегӯяд: «Вай ҳамчун журналист албатта алоқа дошт, ки доир ба паҳлӯҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон назар кунад. Аз ҷумла масоили мазҳабиро низ дар назар дорам. Вақте, ки як шаҳрванди Тоҷикистон аз Гуантанамо озод мешуд, мо хоҳиш мекардем дар бораи ин шахс гузориш омода кунад. Аз баҳсҳои додгоҳӣ дар бораи аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, ки мавзӯи ҷолиб ба назар мерасад, гузориш менавишт. Ҳамчунин дар бораи Ҳизбуттаҳрир, ки бо вуҷуди ин, ки як созмони мамнӯъ дар Тоҷикисон аст, вале баъзеҳо ҳаракат мекунанд, ки ба он пайванданд. Сабабҳои инро ҳар шунаванда мехоҳад бифаҳмад. Барои гузориши хуб навиштан журналист талош мекунад, ки доираи дарёфти иттилоъи худро васеъ кунад. Қонунҳои Тоҷикистон журналистро дар ин роҳ манъ намекунанд. Ман ба бовари комил мегӯям, ки ба ҳеҷ сурат Урунбой Усмонов аз марзи журналистика берун қадам нагузоштааст.»

"УСМОНОВ ВАЗИФАИ ХАБАРНИГОРИАШРО ИҶРО НАМУДААСТ."

Мухтор Боқизода, масъули Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон бар инаст, ки вақте як хабарнигор дар мавзӯъҳои мухталиф ҳатто доир ба фаъолияти Ҳизбуттаҳрир гузориш менависад, ҳаракат мекунад, ки маълумоти бештар ба даст орад ва ин ба он маъное нест, ки вай ҳамкорӣ дорад: “Ин, ки мо барои таҳқиқи як мавзӯъ мавод ҷамъ меорем ва ё ҳаракат мекунем, ки ба манбаъҳо дастрасӣ дошта бошем, маънои онро надорад, ки ба он созмон ё мақомот ҳамкорӣ дорем. Чунин бархӯрди нодурусти мақомоти ҳуқуқӣ ва интизомии Тоҷикистон мухолифи қонугузориҳои ҷории кишвар мебошад.»

НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ УСМОНОВ

Масъалаи дигаре, ки ҳамакнун мавриди нигаронии хонаводаи Урунбой Усмонов шудааст, вазъи саломатии эшон аст. Малоҳат Абдуазимова мегӯяд, ки ҳарчанд дар боздоштгоҳи тафтишотӣ имкони робита бо шавҳараш бештар аст, вале дар дидори ахире, ки доштаанд мушоҳида кардааст,
Урунбой Усмонов
ки сиҳатии Урунбой хуб нест. Малоҳат Абдуазимова ҳамроҳ бо Ойбек, писараш ва духтараш ва инчунин яке аз хоҳарони Урунбой Усмонов дар бинои идораи Раёсати амният бо шавҳараш дар ҳузури маъмурони амниятӣ мулоқот карда буд.

Хонум Абдуазимова мегӯяд, ки «вазъи саломатии шавҳарам, хуб нест, рангаш зард шудагӣ, хеле маъюс аст. Албатта акнун, ки ба СИЗО гузаронидаанд, умедворем, вазъаш беҳтар шавад, табибон кӯмак кунанд, мо ҳам аз ҳолаш хабардор шавем.»

Малоҳат Абдуазимова меафзояд, ки тайи чанд соли ахир шавҳараш аз бемории диабет ранҷ мебарад. Ва дар соли 1993 як гурӯҳи ношинос ба вай ҳамла карда буданд, ки дар натиҷаи латту кӯб, ноҳияи сараш ҷиддан осеб дида буд.

Ба қавли Малоҳат Абдуазимова, фишори равонӣ, хусусан тӯҳмате ба шавҳараш зада шудааст боис мешавад, ки дар боздоштгоҳ ин дардҳо хуруҷ кунанд, Вай таъкид мекунад, ки шавҳараш тоби ин ҳолро нахоҳад дошт.

ТАҚОЗОИ ХОНАВОДАИ УСМОНОВ АЗ РАИСИ ҶУМҲУР

Аз ин рӯ хонаводаи Урунбой Усмонов аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома хоҳиш кардаанд, ки ӯро раҳо кунад.

Дар ин муроҷиатнома, ки тавассути шаш тан аз аъзои хонаводаи оқои Усмонов имзо шуда, омадааст, ки падари ин хонавода ҳаргиз тарафдори ҳеч гурӯҳи мазҳабии ғайриқонунӣ набуда, баръакс ҳамеша барои ободию осоиштагии ватани худ хидмат кардааст.

Чуноне наздикону дӯстон ва ҳамкорони Урунбой Усмонов мегӯянд, вай бештар як шахси фарҳангӣ буда ва ба доираи фарҳангу адаби Тоҷикистон, ба хусус ба ҳалқаҳои адабии узбекҳои ин кишвар иртиботи зич дорад ва чанд китобе ҳам ба забони узбекӣ ба нашр расондааст. Тайи 10 соли ахир ҳамчун хабарнигори бахши ӯзбакӣ бо Би-Би-Сӣ ҳамкорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG