Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари вазири хориҷаи Амрико аз Тоҷикистон боздид мекунад


Вилям Браунфилд
Вилям Браунфилд
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзҳои 29-30 июн Вилям Браунфилд-ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури мубориза бо густариши маводи мухаддир ва ҷиноёт аз Тоҷикистон боздид мекунад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид Браунфилд бо раҳбарияти Ожонсии назорат бар маводи мухаддир ва ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳад. Рӯзи панҷшанбе дар Нию Йорк гузориши умумӣ дар бораи маводи мухаддир ба нашр расид ва дар он омадааст, ки дар соли 2010 мазореи кишти тарёк дар ҷаҳон нисбат ба соли 2009 196 ҳазор ҳектор коҳиш ёфтааст, вале тавлиди маводи мухаддир 4860 тон бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG