Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия аз оташи низомиён 9 нафар кушта шудаанд


Як ниҳоди нозири ҳуқуқи башари Сурия ва фаъолони дигари ин кишвар мегӯянд, дар тирандозии нируҳои амниятии ин кишвар ба сӯи тазоҳуркунандагони эътрозӣ дар Димишқу Кисва ва дар шаҳри Ҳомс дастикам 9 нафар эътирозгар ба қатл расидаанд. Ин дар ҳолест, ки дар шимоли Сурия аҳолӣ аз амалиёти саркӯбгаронаи низомиён ба қаламрави Туркия паноҳ мебарад. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико аз Сурия хост, ки нируҳои худро аз манотиқи марзӣ бо Туркия фаро хонад.

“Барои мо хеле рӯшан аст, ки агар Сурия фавран ба ҳамлаҳо ва таҳрикоти худ хотима надиҳад, ҳамлаҳое, ки на танҳо ба шаҳрвандони худаш таъсир мегузорад, балки хатари муноқишаҳои марзиро ба вуҷуд меорад, дар он сурат мо метавонем шоҳиди ташаннуҷи муноқиша дар ин минтақа мешавад”.

Иттиҳодияи Аврупо гуфт, Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия бо чунин рафтори худ мақоми қонунии режими худро зери суол бурдааст.
XS
SM
MD
LG