Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 24-уми июн дар шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Афғонистон ба тасвиб расид.

Ба ин санад Маликшо Неъматов, муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Муҳаммадзоҳир Ағбар, раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон, имзо гузоштанд.

Ҷаноби Неъматов дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, бар асоси ин шартнома, минҷумла баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф миёни варзишгарони ҳарду кишвар, табодули таҷрибаи кории мураббиёну мутахассисони соҳа дар назар аст.

Ҳайати варзишии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти раҳбарии Муҳаммадзоҳир Ағбар, вазири тарбияти баданӣ ва варзиши Афғонистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар, ки шаби 23-юми июн ба Душанбе омад, дар Тоҷикистон се рӯза меҳмон мешавад.

Ҷаноби Ағбар ба хабарнигорон гуфт: “Мо ҳам хостем минҳайси ду миллати бо ҳам бародар, ҳамфарҳанг, мусулмон, ҳамсоя ва ҳамнажод ҳамкориҳои мутақобили варзиширо ба унвони як мактаби ахлоқ оғоз кунем. Варзишкорон ҳамеша пули иртибот байни қораҳо ва миллатҳо ҳастанд. Мо талош мекунем, ки ваҳдат ва самимиятро аз тариқи варзиш густариш бидиҳем. Мо талош мекунем, шароитро чунин омода бисозем, ки як равобити фарҳанги нек байни ҷавонони Афғонистон ва Тоҷикистон эҷод шавад.”



Раҳбари соҳаи варзиши Афғонистон, инчунин иттилоъ дод, ки тими миллии футболи ин кишвар барои ширкат дар бозии интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон бо тими Фаластин ду-се рӯз пеш аз сабқат ба Тоҷикистон меояд. Бозӣ миёни тимҳои Афғонистону Фаластин 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Маликшо Неъматов дар ин нишаст, ҳамчунин, ба хабарнигорон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, барои хизматҳояш дар рушди ҳаракати олимпӣ бо ҷоизаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ сарфароз шудааст.
XS
SM
MD
LG