Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонум Матвиенко севвумин мақоми раҳбарӣ дар Русия хоҳад шуд


Валентина Матвиенко

Валентина Матвиенко

Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, вай аз номзадии Валентина Матвиенко-шаҳрдори Санкт-Петербург ба мақоми раёсати Шӯрои Федератсияи Русия ҳимоят мекунад. Дар сурати интихоб дар ин мақом Валентина Матвиенко аз лиҳози волоият севвумин мақоми раҳбарии Русия хоҳад буд. Ҳоло порламони Русия зери контроли Кохи Кремл қарор дорад. Хонум матвиенко 62 сола аст ва аз соли 2003 мақоми шаҳрдории Санкт-Петербургро бар ӯҳда дорад. Дар сурати интихоб Матвиенко дар ин мақом Сергей Мироновро иваз хоҳад кард. Миронов моҳи гузашта баъд аз интиқод аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” мақоми худро аз даст дод.
XS
SM
MD
LG