Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Анатолий Сердюков аз Тоҷикистон ба таъхир афтод


Анатолий Сердюков

Анатолий Сердюков

Дафтари матбуотии вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки боздиди Анатолий Сердюков-вазири дифои Русия аз Тоҷикистон барои муддати номаълум ба таъхир афтодааст. Фариддун Маҳмадалиев -сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт:

«Ин сафар ба дигар рӯз гузаронида шуд. Шояд сабабҳое бошад, ки ба ҳайати роҳбарикунандаи худи мақомоти низомии Русия маълум бошад. Аммо ин сафар ба Тоҷикистон анҷом хоҳад гирифт».

Қаълан ин манбаъ хабар дода буд, ки Сердюков 24-25 июн аз Тоҷикистон боздид ва бо раиси ҷумҳуру вазири дифои Тоҷикистон мулоқт анҷом медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 24 июн барои ширкат дар конфронси байналмиллалии мубориза бо терроризми сартосарӣ ба Теҳрон рафт. Ин конфронс барои рӯзҳои 25-26 июн дар назар гирифта шудааст ва дар он ҳайатҳо аз 80 кишвар ширкат меҷӯянд. Дафтари матбуотии вазортаи дифои Тоҷикистон дар бораи сабабҳои таъхири боздиди Сердюков аз Тоҷикистон тавзеҳот надодааст.
.
XS
SM
MD
LG