Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси нави Бонки Марказии Аврупо таин шуд


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Марио Драгӣ-иқтисоддони Италияро раиси Бонки Марказии Аврупо таин карданд. Ҳерман Ван Ромпу-раиси Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар Бруссел дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв номзадии Драгиро ба тасвиб расонд. Драгӣ 63 сол дорад ва то ҳол раиси Бонки Марказии Италия буд. Вай акнун дар мақоми раёсати Бонки Марказии Аврупо курсии Жан Клод Тричети фаронсавиро ишғол мекунад. Салоҳияти Тричет дар ин мақом моҳи октябри соли ҷорӣ ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG