Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко Януковичро сабабгори парвандааш медонад


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко
Имрӯз мурофиаи додгоҳии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина оғоз мешавад. Вайро барои суистифода аз мақом муттаҳам кардаанд, вале худи хонум Тимошенко мегӯяд, ки парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад ва ташаббускори боз кардани ин парванда Виктор Янукович-раиси ҷумҳур аст.

“Касе шак надорад, ки додситоиву додгоҳ хусусӣ карда шудаанд. Адолат вуҷуд надорад. Барои ҳамин аст, ки имрӯз он чӣ мегузарад, масъулияти шахсӣ ва қасоси шахсии Янукович бар зидди рақибони аслии сиёсиаш аст”.

Парвандаи Тимошенко ба қарордоди миёни Украинаву Русия дар бораи газ иртибот дорад, ки соли 2009 ба имзо расида буд. Бино ба гуфтаи додситонӣ, аз ин қарордод будҷаи Украина 190 миллион доллар зарар дидааст. Барои чунин иттиҳом аз 7 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG