Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Саркисян ва Алиев телефонӣ сӯҳбат кард


Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико телефонӣ бо Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон ва Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон роҷеъ ба масъалаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ сӯҳбат кардааст. Ин сӯҳбати телефонӣ дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки имрӯз руасои ҷамоҳири Арманистону Озарбойҷон дар шаҳри Қазони Русия бо ҳам мулоқот мекунанд. Мизбони ин мулоқот Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аст. Кохи Сафед гуфтааст, Обама аз раҳбарони Арманистону Озарбойҷон хостааст, ки созишномаи “усули асосӣ”-ро имзо кунанд, то роҳ барои қатънома роҷеъ ба Қарабоғи Кӯҳистонӣ боз шавад.
XS
SM
MD
LG