Пайвандҳои дастрасӣ

Модарони боздоштшудагон гуруснанишинӣ мекунанд


Модарони боздоштшудагон

Модарони боздоштшудагон

Модарони ду амрикоӣ, ки фарзандони онҳо акнун ду сол аст дар зиндони Эрон нигаҳдорӣ мешаванд, имрӯз гуфтанд, ки ба нишонаи эътироз бар зидди боздошти фарзандонашон ба навбат гуруснанишинӣ хоҳанд кард. Лора Фаттал ва Синдӣ Ҳикӣ дар изҳороте гуфтаанд, ки онҳо аз рӯзи шанбе то сешанбеи оянда гуруснанишиниро ба нақша гирифтаанд. Фарзандони онҳо Ҷош Фаттали 28 сола ва Шейн Боуэри 29 сола моҳи июли соли 2009 дар марзи миёни Ироқу Эрон боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG