Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештар аз 1 500 паноҳҷӯи Сурия ба Туркия гузаштаанд


Паноҳҷӯёни Сурия дар урдугоҳи Ҳатаи Туркия
Паноҳҷӯёни Сурия дар урдугоҳи Ҳатаи Туркия
Дар давоми 24 соати ахир аз марзи миёни Сурияву Туркия 1 500 нафар паноҳҷӯи Сурия гузаштаанд. Ин дар ҳолест, ки воҳидҳои артиши Сурия дар идомаи маъракаи саркӯбии тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ ба марз наздик мешаванд. Хабаргузории давлатии Туркия бо номи “Анатолия” аз қавли мақомоти расмии вилояти Ҳатай навиштааст, шумораи паноҳҷӯён дар урдугоҳи муваққатӣ ба бештар аз 11 700 нафар расидааст. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико аз Сурия хостааст, ки нируҳои худро аз манотиқи марзӣ бо Туркия фаро хонад.

“Барои мо хеле рӯшан аст, ки агар Сурия фавран ба ҳамлаҳо ва таҳрикоти худ хотима надиҳад, ҳамлаҳое, ки на танҳо ба шаҳрвандони худаш таъсир мегузорад, балки хатари муноқишаҳои марзиро ба вуҷуд меорад, дар он сурат мо метавонем шоҳиди ташаннуҷи муноқиша дар ин минтақа мешавад”.

Туркия мегӯяд, вазири корҳои хориҷиаш дар бораи вазъ бо вазири корҳои хории Сурия телефонӣ сӯҳбат кардааст.
XS
SM
MD
LG