Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи дзюдочиёни наврас барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ»


Рӯзи 25-уми июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа дар Қасри тенниси пойтахти кишвар бо ширкати дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва шаҳри Душанбе аз рӯи 10 вазн миёни наврасони солҳои таваллудашон 1997-2000-ум барпо мегардад.

Ҷаноби Мирзоев афзуд: “Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои бори дуввум бо ибтикори Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии “Вастан”, баргузор мешавад. Воқеъан, 23-юми июни соли гузашта дар Рӯзи олимпӣ ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз толори нави варзишии «Вастан» ба истифода дода шуд ва дар он нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» бо ширкати беш аз 80 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор гашта буд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар маросими ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ ва расми кушоиши нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ суханронӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат ва таваҷҷӯҳи зиёди соҳибкорони баору номуси ватанӣ ба ин соҳа варзишгарони тоҷикро ба фатҳи қуллаҳои баланд дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ водор месозанд». Зимнан, барои бунёди толори нави варзишии «Вастан» беш аз 600000 доллар масраф шудааст ва ин маблағро соҳибкор Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Файз», пардохт кардааст. Ҳоло дар ин толор садҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонон таҳти раҳбарии мураббии варзида Аҳтам Раҷабов, поягузори гуштии дзюдо дар Тоҷикистон, машқ мекунанд.”

Ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев дастаи ғолиб бо “Ҷоми Ваҳдати миллӣ” ва маҷмӯи техникаи компютерӣ мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дуввуму севумро мегиранд, телевизори бузург ва маркази мусиқӣ супурда хоҳад шуд. Ғолибону барандагони ҷойҳои ифтихорӣ дар рақобатҳои инфиродӣ бо медалҳо ва тӯҳфаҳои сарпарастони мусобиқа сарфароз мегарданд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи дуввумин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» дар Қасри тенниси Душанбе бегоҳи 25-уми июн (соати 18) баргузор мешавад. Баъдан сабқати ниҳоӣ ғолибони мусобиқаро муайян хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG