Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Амрико аз ислоҳот дар хоҷагии коммуналии Тоҷикистон


Бино ба хабари сафоратхонаи Тоҷикистон дар Душанбе, ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар маркази таваҷҷӯҳи маҷлиси аввалини гурӯҳи нави кории байниидоравӣ мебошад, ки бо ташаббуси Агентии Байналмилалии ИМА оид ба рушд (USAID) ва лоиҳаи Ташаббуси рушди маҳал (ТРМ) созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ як қисми барномаи “Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ то соли 2025” ба ҳисоб меравад. Алимурод Тағоймуродов, Мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Кэвин Дин, Ҷонишини Роҳбарии намояндагии USAID дар Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо ва корхонаҳо ва мақомоти вилоятҳои Суғд, Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва Хатлон дар созмони гурӯҳи корӣ ширкат варзиданд. Лоиҳаи USAID ТРМ ба гурӯҳи кории ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба воситаи ташкил намудан ва ба нақша даровардани кори он, муайян намудани қонунҳои зарурӣ барои ислоҳоти соҳа, таъмини маводи зарурӣ ва маълумот, ташкил намудани омӯзишҳо, аз он ҷумла ташкили сафарҳои омӯзишии минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯмак менамояд.
XS
SM
MD
LG