Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо пирӯзии мизбонон поён ёфт.

Рӯзи 23-юми июн дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ду голи “Парвоз”-ро дар нимаи аввали дидор Мансур Ҳакимов, капитани даста, дар дақиқаҳои 12-ум ва 24-ум ба самар расонд. Манучеҳр Ҳасанов голи севуми меҳмононро дар дақиқаи 67-ум зад. Фирдавс Қурбонов, бозигари “Шодмон”, дар дақиқаи 70-ум ҳисобро тағйир дод.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии даври 18-ум 22-юми июн баргузор шуда буд. ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахти кишвар аз тими“Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт. Дар ин бозӣ ду голи “Равшан”-ро Эраҷ Холов (дақиқаҳои 52 -юм ва 56 -ум) ва як голро Фозил Сатторов (82 ) ба ҳадаф расонданд. Ду голи мизбонон ба Илҳомҷон Ортиқов (74) ва Комил Саидов (78) мансуб аст.

Дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат дастаи мизбон - “Хайр” бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳоро Исроил Идиев, капитани “Хайр”, дар дақиқаи 36 -ум, ҳамдастаааш Мирзобек Мирзоев (40) ва Сергей Абрамов, бозигари “Вахш” (49) заданд.

Рӯзи 24-уми июн “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти кишвар бо “Гвардия”-и Душанбе рақобат кард. Ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 бо ғалабаи "Энергетик" поён ёфт. Шодибек Ғаффоров, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали бозӣ аз ҷаримаи 11- метра ҳисобро кушод. Ду голи дигари дастаи ғолибро Шавкати Ҳотам дар нимаи дуввум ба ҳадаф расонд. Як голи "Гвардия"-ро Темур Исмоилов зад.

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 18-уми сабқати Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд аз 23-юми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст. Инчунин ду бозии даври 19-ум миёни дастаҳои "ССКА Помир"-"Вахш" ва "Хайр"- "Равшан" мавқуф гузошта шуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 35 имтиёз дар ҷои аввал аст. «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 34 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 29 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 11 гол дар ҷойи аввал мебошад. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 10-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Равшан" 16 11 2 3 31-11 35
2. "Истиқлол" 13 11 1 1 30-7 34
3. "Хайр" 15 9 2 4 27-15 29
4. "Регар-ТадАЗ" 14 8 3 3 27-14 27
5. "Энергетик" 17 8 2 7 24-23 26
6. "Вахш" 16 6 1 9 16-18 19
7. ССКА “Помир” 16 6 1 9 24-29 19
8. "Хуҷанд" 15 5 4 6 16-21 19
9. "Парвоз" 16 5 2 9 18-34 17
10. “Шодмон” 16 4 2 10 19-30 14
11. "Гвардия" 16 1 2 13 13-43 5

Даври 19-ум

26 июн (якшанбе)
«Истиқлол» - «Парвоз»
«Шодмон» - «Хуҷанд»

27 июн (душанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG