Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ гуфтааст, агарчӣ тавлиди афюн соли гузашта дар Афғонистон коҳиш ёфт, аммо ин ба иллати беморӣ дар киштзорҳо будааст.

Муассисаи муқобила бо ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал дар гузориши тозаи худ доир ба қочоқи маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон мегӯяд, имсол бинобар ҳукумати заъиф, фасодкорӣ, ҷинояткории созмонёфта ва набудани интихоби дигар, тавлиди афюн дар Афғонистон ба сатҳи рекордӣ хоҳад расид.

ТЕЪДОДИ МӮЪТОДОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ

Созмони Милал мегӯяд, бо вуҷуди коҳиши тавлиди афюн ва кокаин дар ҷаҳон дар соли гузашта, тавлиди ҳероин ҳамчунон дар сатҳи боло боқӣ мемонад. Дар гузориши солона доир ба тавлиду қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон, ки рӯзи 23 июн дар шаҳри Ню-Йорк нашр шуд, омадааст, ҳудуди 210 миллион нафар дар саросари ҷаҳон маводи мухаддири ғайриқонунӣ истеъмол мекарданд, вале шояд теъдоди воқеии онҳо ба маротиб бештар бошад.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, зиёне, ки қочоқбарон ба ҷомеаҳо мерасонанд, ҳадду ҳудуд надорад: “Қочоқбарон на танҳо қонуншиканӣ мекунанд, онҳо рӯҳи инсонро мешикананд, онҳо ба оташи терроризм ва моҷароҷӯӣ рӯған мерезанд, онҳо осоиштагии ҷомеаҳоро аз байн мебаранд.“

Созмони Милал мегӯяд, соли гузашта дар масоҳати 195 ҳазор 700 гектар кӯкнор кишт шудааст, ки назар ба соли 2009 андаке зиёд аст. Вале тавлиди афюн 38 дар сад коҳиш ёфта ва ба бештар аз 4800 тонна расидааст, ки ин коҳиш ба шарофати офате будааст, ки бисёре аз ҳосили кӯкнор дар Афғонистонро нобуд кардааст. Аз ин рӯ мизони тавлиди афюн дар Афғонистон, ки соли 2009, 88 дар сад буд, то ба 74 дар сад поин омадааст.

МАВОДИ МУХАДДИРИ АФҒОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аммо пешбинии Юрий Федотов, мудири иҷроияи Муассисаи муқобила бо ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал барои Тоҷикистон хушҳолкунанда нест: “Бо вуҷуди онки тавлиди умумии афюн соли гузашта 38 дар сад коҳиш ёфт, аммо сабаби он аслан, беморие буд, ки нисфи киштзорҳои кӯкнор дар Афғонистонро нобуд кард. Ба тахминҳои пешакии мо, тавлиди афюн дар Афғонистон имсол бинобар ҳосили беҳтари кӯкнор, бештар хоҳад шуд. Яъне, сели маводи мухаддири афғонӣ ба Тоҷикистон ҷорӣ хоҳад шуд."

Дар робита ба қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Осиёи Марказӣ дар гузориш номи Тоҷикистон бахусус зикр шудааст ва дар он омадааст, дар соли 2009 аз Афғонистон 90 тонна маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ қочоқ шудааст ва яке аз роҳҳои аслии қочоқи он, марзҳои пурпечухам ва осонгузори Тоҷикистон аст. Ӯзбакистону Туркманистону Қирғизистон ҳам аз роҳҳои дигари маводи мухаддири афғонӣ унвон шудаанд, ки ин мавод аз тариқи қаламрави онҳо то ба Русия ва баъдан ба кишварҳои аврупоӣ мерасад.

Юрий Федотов, гуфт, қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ноамниро дар тамоми минтақа доман мезанад: “Дар Афғонистон, кишти кӯкнор бо ноамнӣ иртиботи зич дорад ва қочоқи афюн ва ҳероин ба густариши бесуботӣ дар манотиқи васеъ мусоидат мекунад. “

ТОҶИКИСОН- ҶАБҲАИ АВВАЛИ МУБОРИЗА БО МУХАДДИРОТ

Тоҷикистон, ки худро ҷабҳаи аввали муқобила бо қочоқи маводи мухаддири афғонӣ мехонад, мегӯяд, бо кашфу забти тоннаҳо маводи мухаддири афғонӣ солона ҷони миллионҳо нафарро дар саросари Аврупо наҷот медиҳад. Юрий Федотов, мудири Муассисаи муқобила бо ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддир гуфтааст, яке аз роҳҳои аслии коҳиши қочоқ, коҳиши талабот ба маводи мухаддир аст.

Ӯ таъкид кардааст, ки ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ ва дармони дурусти мӯътодон, метавонад аз роҳҳои муассири кам кардани талабот ба маводи мухаддир бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар Аврупо, ки қисми зиёди ҳероин дар ин минтақа харидорӣ мешавад, танҳо то 25 дар сади мӯътодони ҳероин табобат мешаванду халос.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG