Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса ҳам нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад


Фаронса бо пайравӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ба ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон шурӯъ хоҳад кард. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, 33 ҳазор сарбози кишварашро то сентябри соли 2012 ба хона бармегардонад. Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса чанд соат баъди ин эълом кард, кишвараш ихроҷи нерӯҳои изофии фиристода ба Афғонистонро давра ба давра ва монанд ба ҷадвали замонии ихроҷи нерӯҳои Амрико, шурӯъ мекунад.” Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Амрико аз эъломи Барак Обама истиқбол кард, вале Толибон онро як эъломияи рамзӣ хонда ва қавл доданд, ки то замони ихроҷи тамоми нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хоҳанд ҷангид.
XS
SM
MD
LG