Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз Сурия хост, нерӯҳояшро аз марз баргардонад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз давлати Сурия хост, нерӯҳояшро аз марзи Туркия ақиб кашад, зеро бо ин кораш боиси авҷ гирифтани бӯҳрон дар ин минтақа хоҳад шуд. Хонум Клинтон дар Вашингтон рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, Амрико авзоъи минтақаро бо мақомоти НАТО ва Туркия баррасӣ мекунад. Ӯ афзуд: "Нерӯҳои Сурия бояд фавран ҳамла ва иғвогариро хотима диҳанд, ки аз ин ҳоло на танҳо шаҳрвандони худи Сурия осеб мебинанд, балки хатари муноқишаҳои марзиро ба вуҷуд омадааст, дар акси ҳол мо шоҳиди шиддат гирифтани муноқиша дар минтақа хоҳем шуд." Ба гуфтаи давлати Туркия вазири умури хориҷаи ин кишвар бо ҳамтои суриягии худ доир ба вазъ гуфтӯгуи телефонӣ доштаанд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Сурия аз бими нерӯҳои давлатӣ, ки тазоҳургарони зидди режими Башшор Асадро саркӯб мекунанд, ба Туркия гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG