Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ногаҳонии вазири дифоъи Русия ба Душанбе


Қарор аст, имрӯз Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия вориди Тоҷикистон шавад. Зимни ин сафари корӣ ӯ бо Шералӣ Хайруллоев, ҳамтои тоҷики худ ва эҳтимолан бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тақвияти ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русияро баррасӣ мекунад. Зоҳиран як масъалаи баҳс ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ду тараф сари шароити ҳузури он музокироти сахте доранд. Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон мехоҳад, Русия барои ҳузури ин пойгоҳаш солона бештар аз 250 миллион доллар бипардозад, шароите, ки Русия онро хуш надорад.
XS
SM
MD
LG