Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: "Музокира бо Толибон нохушоянд, вале зарур аст"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, музокирот бо Толибон агарчӣ “кори хушоянде нест, вале зарур аст.” Хонум Клинтон зимни гузориш ба сенат гуфт, ҳукумати Амрико дар талоши пайдо кардани роҳҳи ҳалли сиёсии ҷанг дар Афғонистон аст ва ба сари мизи музокирот овардани раҳбарони Толибонро ҳам сарфи назар намекунад: “Мо итминон дорем, ки расидан ба як роҳи ҳалли сиёсӣ, ки бо шароити оштӣ ҳам созгор бошад, мумкин аст. Иёлоти Муттаҳида дар тамоми Афғонистону минтақа дар сатҳҳои гуногун тамосҳои густардаро оғоз карда ва мо барои ҳимоят аз ин талошҳо имконотеро, ба шумули тамосҳои муқаддамотӣ бо намояндагони Толибон фароҳам сохтаем.“ Ҳилларӣ Клинтон афзуд, мулоқот бо гурӯҳи моҷароҷӯи шӯришӣ “кори хушоянде нест”, вале барои хотима додан ба ҷангҳо дар Афғонистон зарур аст.
XS
SM
MD
LG