Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 5 муҳандиси нерӯгоҳи Бушеҳр дар Русия


Ширкати “Росатом”-и Русия гуфт, панҷ муҳандиси ин ширкат, ки барои бунёди нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр дар Эрон кор мекарданд, дар суқути ҳавопаймо дар шаҳри Петрозаводск кушта шудаанд. Ҳавопаймои мазкур бо 44 мусофираш дар рӯзи чаҳоршанбе дар назди фурудгоҳи ин шаҳри шимолушарқии Русия суқут кард. Ширкати “Росатом” мегӯяд, панҷ муҳандиси атомӣ дар муассисаҳои машғул дар сохтмони нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр кор мекарданд. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки давлати Эрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG