Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пофишорӣ барои раҳоии хабарнигори Би Би Сӣ


Tajikistan -- Urunboy Usmonov, BBC correspondent detained in Tajikistan, undated
Tajikistan -- Urunboy Usmonov, BBC correspondent detained in Tajikistan, undated
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон хост, то ба гуфтаи созмон иттиҳомоти бофта алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би Би Си-ро лағв ва ӯро фавран раҳо кунад. Мақомоти интизомӣ рӯзи душанбе, Урунбой Усмоновро расман ба “даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ” муттаҳам карданд. Музаффар Сулаймонов, намояндаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба иттилоъи мо ва Би Би Сӣ, Урунбой Усмоновро на барои чизи дигар ва танҳо барои фаъолиятҳои хабарнигориаш таъқиб мекунанд. Аз ин рӯ мо аз давлати Тоҷикистон талаб мекунем, ки ӯро фавран озод кунад.“ Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би Би Сӣ дар Хуҷандро мақомоти интизомӣ рӯзи 13 июн бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави исломии Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт карданд. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ иртиботе бо ин созмон надорад.
XS
SM
MD
LG