Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори мухолифин ба раиси ҷумҳури Арманистон


Ду ҳизби умдаи мухолифи давлат дар Арманистон аз раиси ҷумҳур Серж Саркисиён хостаанд, дар музокирот дар мавриди сарнавишти Кӯҳистони Қаробоғ гузашти зиёд накунад. Даъвати Ҷабҳаи инқилобии Арманистон ва Ҳизби Мерос дар остонаи мулоқоти раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷон садо медиҳад, ки қарор аст, 24 июн дар шаҳри Қазони Русия баргузор шавад. Дар баёнияи ду ҳизб гуфта мешавад, агар музокироти бе ҳузури намояндагони вилояти Кӯҳистони Қаробоғ баргузор шавад, натиҷаҳои он арзише нахоҳад дошт. Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ як вилояти умдатан арманишини Озарбойҷон аст ва барои он баъди суқути шӯравӣ Арманистон бо ҳам ҷангидаанд. Вилояти мазкур ҳоло таҳти назорати Арманистон аст ва ду кишвар натавонистаанд, то кунун сарнавишти ин вилояти ҷудоихоҳро ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG