Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насиҳати мақомоти Эрон ба матбуоти кишвар


Мақомоти баландпояи интизомии Эрон аз матбуоти кишвар хостаанд, инъикоси қазияҳои таҷовузи ҷинсиро доман назананд. Исмоил Аҳмади Муқаддам, фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон гуфтааст, мухолифи нашри хабарҳо доир ба таҷовуз аст, зеро ба гуфтаи ӯ, расонаӣ шудани ингуна ахбор, боиси коҳиши эҳсоси амнияти иҷтимоӣ мешавад ва ҳам обрӯву амнияти қурбониёни таҷовузро ба хатар меандозад. Матбуоти Эрон тайи моҳи гузашта се қазияи таҷовузи гурӯҳӣ ба номуси занонро ба таври фарогир пӯшиш доданд. Аз ҷумла, гузориш шудааст, ки рӯзи 14 май дар шаҳри Исфаҳон 14 мард ба хонае ворид шуда ва мардони як маҳфил дар он хонаро дар ҳуҷрае маҳкам карда ва ба номуси занон таҷовуз кардаанд.
XS
SM
MD
LG