Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: «Мо Афғонистони соҳибистиқлол ва амн мехоҳем.»


Раисиҷумҳури Амрико эълон кард, ки дар 18 моҳи баъдӣ сеяки нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон бароварда мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, Амрико ва ҳампаймонҳои он ба аҳдофи худ дар Афғонистон ба сурати умум расиданд, ки шикаст додани Ал-Қоида ва барканорию тазъифи Толибон буд.

Дар рӯзи ин паём Обама ба пурсишҳои хабарнигори Садои Амрико, Андре де Нешнера дар Кохи Сафед посух дод, ки ба масъалаҳои марбут ба Афғонистону Покистон, аз ҷумла тарҳи хуруҷи нерӯҳо, гуфтушуниди сулҳи Афғонистон ва нақши Покистон дар робита ба ҳамсояаш бахшида шудаанд.

Суол: Шумо ҳамин ҳоло оғози хуруҷи тадриҷии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистонро эълон кардед. Оё мардуми Афғонистон ин хабарро чигуна арзёбӣ кунад?

Барак Обама: “Хуб, ман фикр мекунам, ин бояд аломати комёбии ирсоли нерӯҳои иловагӣ бошад, ки мо ним сол пеш ба роҳ мондем ва ин ҳамчунин аломати муносибати ҷиддии мо бо давраи гузор аст. Дар соли 2009 ман эълон карда будам, ки мо 30 000 сарбози иловагӣ мефиристем ва ҳадафи мо хеле мушаххас буд: мебоист пешрафти Толибонро, ки назорати бахшҳои бештари кишварро ба даст

мегирифтанд, қатъ мекардем ва мо мебоист аз фурсат истифода мекардем, ки нерӯҳои амниятии Афғонистонро тамрин диҳем, то афғонҳо ин тавонро дошта бошанд, ки амнияти кишвари хешро таъмин намоянд. Мо дар ин давра пешрафти азиме кардем ва мебинем, ки 10 000 сарбози иловагии Афғонистон тамрин диданд, мебинем, ки минтақаҳое чун Қандаҳор ва Ҳилманд аз Толибон решакан шуданд ва мардум худро амнтар ҳис мекунанд. Ва он чӣ мо акнун мекунем, ин аст, ки 10 000 сарбозро то поёни имсол ва 23 000-и дигарро то охири тобистони соли оянда берун меорем. Мо аз нав ба сатҳе мефуроем, ки пеш аз афзоиши нерӯҳо мавҷуд буд ва сипас, бо сари пойи худ истодани нерӯҳои афғон раванди гузаришро идома медиҳем бо ҳадафи итмоми он то соли 2014. Аммо баъд аз 2014 низ мо мехоҳем равобити қавиеро бо мардуми афғон ва ҳукумати Афғонистон таҳким бидиҳем. Мо ҳузури низомиии феълиро нахоҳем дошт, аммо умедворем, дар масъалаҳои иқтисодӣ ва рушд ҳамкории феълии худро бо афғонҳо идома диҳем."

Суол: Ин паём ба фикри Шумо ба ҳампаймонҳои НАТО чӣ таъсир хоҳад дошт? Масалан, чӣ тавр метавон мутмаин буд, ки ҳампаймонҳои НАТО ба сабқати хуруҷ даст нахоҳанд зад, то пештар аз мо Афғонистонро тарк кунанд?

Барак Обама: “Хуб, мутмаинан пеш аз тасмимгирӣ мо бо ҳампаймонҳои худ дар НАТО аз наздик машварат кардем, дертар ман масъаларо ҳамчунин бо Дабири кулли НАТО (Андрес Фоғ Расмуссен) ва бархе аз кишварҳои калидии саҳҳом баррасӣ кардам. Ва ҳамаи онҳо эътироф карданд, ки мо нерӯҳои иловагӣ фиристодем ва акнун онҳоро бозпас мегирем, аммо сатҳи бунёдии нерӯҳо дар ҳамон пояи 68 000 нафар ва ҳатто то поёни соли оянда боқӣ мемонад ва мо ҳамон гуна ки мехостем, метавонем, гузаришро ба роҳ монем,то мутмаинан нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ниёзҳои амниятии кишвар расидагӣ карда тавонанд."



Суол: Яъне Шумо бино бар авзои воқеии мавҷуда тасмимгирӣ кардед. Аммо чӣ гуна аз моварои ин баррасӣ гузаштаву ба чунин тасмим расидед?

Барак Обама: “Хуб, медонед, ин маҳсули баҳсҳо бо генерал (Дейвид) Петреус (сарфармондеҳи нерӯҳои ИМ дар Афғонистон) ва фармондеҳони бевосита дар Афғонистон буд. Ҳамчунин назардошти машваратҳо бо ҳукумати Афғонистон. Яке аз масъалаҳои асосӣ ин ҷо ба таври қатъӣ ёфтани хатти мувозанати дуруст ва ба мардуми Афғонистон фаҳмондани ин ки мо Афғонистони мустақилеро мехоҳем, ки амн бошад ва ҳар қадар ки масъулияти бештар бар дӯши худи афғонҳо гузарад, ҳамон андоза барои ҳамагон хуб хоҳад буд. Вале ҳамзамон мефаҳмем, ки набояд сахт шитоб кунем, то бори дигар афғонҳо худро дар ҳоли даступохӯрдагӣ дарнаёбанд. Ва ман фикр мекунам, шумораҳое, ки мо муайян кардем, баёнгари мувозанати дурустанд ва бо гузариши марҳила ба марҳила мутобиқ меоянду ба мо ва шарикони афғони мо фурсату имкон медиҳанд. Вале фаромӯш накунед, имрӯзҳо ҳам афғонҳо ҳар рӯз меҷанганд, афғонҳое ҳар рӯз ба хотири кишвари хеш, барои озодӣ ва шараф ҷон медиҳанд. Мо мехоҳем тавре кунем, ки дар ин раванд шарики хуб бошем, вале ҳамзамон ба мардуми афғони паём диҳем, ки “Дар ниҳояти кор, ин кишвари Шумост ва Шумо бояд масъулияти онро дошта бошед.”

Суол: Шумо аз ҳукумати Афғонистон ёд кардед ва раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ба Иёлоти Муттаҳида ва НАТО назари интиқодӣ дорад. Шумо аз чунин баёнияҳо дилсард нашудаед ва аслан ӯ чӣ навъ муттафиқ аст?

Барак Обама: “Хуб, дар ниҳояти кор, президент

Карзай, ба фикри ман, айни ҳамин манфиатҳои стратегиро дорад, ки мо дорем, яъне ҳукумати мустақил ва амни Афғонистон, ки битавонад сарнавишти худро таъйин кунад ва ҷомеаи байнулмилалиро дар умум ва Иёлоти Муттаҳидаро дар хусус шаркиони қавие мешуморад, ки метавонанд аз ормонҳои мардуми афғон пуштибонӣ кунанд. Рӯшан аст, ки дар шароити мушкили ҳузури шумораи бузурги сарбозони хориҷӣ дар кишвар ташаннуҷҳое пеш меояд.

Ҳақиқатан ҳам, тавре медонед, дар ин байн давраҳое буд, ки тактикҳои маҳаллӣ рӯз то рӯз шиддат ба бор меовард, вале дар ниҳояти амр, манфиати ӯ ин буд, ки Афғонистон паноҳгоҳи амни террористҳо набошад ва қонуни асосии Афғонистон муроот шавад. Ин интизориҳое, ки ӯ тақозо мекунад бо манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида, ки ман мебинам, комилан ҳамоҳанг аст."

Суол: Мо дар бораи ҳампаймонҳои аврупоӣ ва НАТО сӯҳбат кардем ва тавре Шумо медонед, Аврупо як хастагие аз ин ҷангро эҳсос мекунад. Оё Шумо ҳам чунин хастагии ҷангро ҳис мекунед ва расидагии Шумо ба он чӣ гуна аст?

Барак Обама: “Шубҳае нест, ки баъд аз қариб 10 соли ҷанг дар Афғонистон бино бар ҷонҳое, ки бохта ва пуле, ки харҷ шудааст, мардум эҳсоси хастагӣ мекунанд. Хабари хуб ин аст, ки давраи гузори мо дар нуқтаи авҷи нерӯмандӣ

иттифоқ меафтад, дар давраи комёбии нерӯҳои тозанафас, даврае ки мо тавонистем, Толибонро шикаст диҳем, давраи пешрафтҳои амниятие, ки кардем ва дар давраи пешрафти назарраси нерӯҳои амниятии афғон. Ман фикр мекунам, ҳам мардуми Амрико ва ҳам ҳампаймонҳои мо, ки ҳамроҳашон сӯҳбат кардам, мехоҳанд мо мутмаинан коре кунем, ки вазифаро ба поён барем ва кишвари амнеро ба афғонҳо супорем, ки тавонанд онро ҳифз кунанд. Мо мехоҳем, ин корро ба шеваи коршарикона, бо эҳтироми қонунҳо ва назардошти амнияти Афғонистон анҷом диҳем, вале ҳамзамон нагузорем, ормоне, ки барояш ин қадар сахту сангин фидокорӣ кардем, фаромӯш шавад."

Суол: Фикр намекунед, ки бахшҳое аз мардуми Афғонистон инро ба маънии тарку ҳаволаи Афғонистон хоҳанд пазируфт?

Барак Обама: "На, чунин фикр намекунам. Фаромӯш накунед, мо то поёни сол наздик ба 10 00 сарбозро бароварданием ва ҳамчунин 23 000 нафари дигарро то поёни тобистони оянда, аммо ҳамоно 68 000 сарбози амрикоӣ ва илова ба ин нерӯҳои шарикони ҳампаймони мо дар он ҷо боқӣ хоҳанд монд. Яъне ҳамоно як ҳузури азиме боқӣ хоҳад монд, вале паём ин аст, ки афғонҳо ба оҳистагӣ масъулияти бештару бештарро бар дӯш хоҳанд гирифт."



Суол: Тавре медонед, “оштӣ” калимаест, ки дар Афғонистон имрӯзҳо зиёд шунида мешавад. Шумо ин оштиро чӣ гуна мебинед ва нақши Иёлоти Муттаҳида дар он чист ва оё Амрико аз гуфтушунид бо, дастикам, бархе аз аносири Толибон пуштибонӣ мекунад?

Барак Обама: “Чизе ки пайваста гуфтаем ин аст, ки бояд ҳалли сиёсие сулҳи воқеиро ба минтақа биёрад. Вале шартҳои ин ҳалли сиёсӣ муҳиманд ва мо дар мавриди меъёрҳо хеле ошкор сӯҳбат кардаем. Мо афғонҳоро ҳавасманд мекунем ва худ низ бо ҳама кас ки бошад, гуфтугӯ мекунем, вале бо онҳое, ки равобит бо Ал-Қоидаро қатъ кунанд ва ба Қонуни асосии Афғонистон арҷ гузоранд ва аз хушунат ҳамчун василаи дастрасӣ ба қудрати сиёсӣ рӯ тобанд. Агар онҳо чунин иқдом нишон диҳанд, ман фикр мекунам, имконияти қавии эҷоди як ҳалли сиёсие пайдо мешавад, ки метавонад, мардуми Афғонистонро аз ҷанги 30-сола раҳо кунад. Вале муҳим аст, ки талошҳои ҳарбии мо ин талошҳои сиёсиро тақвият диҳанд, то Толибон ва дигарон дарк намоянд, ки агар не мо метавонем фишорро ба онҳо идома диҳем, то онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба Қонуни асосии Афғонистон ба паси мизи гуфтугӯ кашонем."

Суол: Вақте дар бораи Афғонистон сӯҳбат мекунем, наметавон дар бораи Покистон сӯҳбат накард. Дар ҳоле ки хуруҷ аз Афғонистон сар мешавад, оё ба ин маъност, ки тамаркуз рӯи Покистон хоҳад шуд?

Барак Обама: “Ман фикр мекунам, тамаркуз, аз нигоҳи ман, ҳанӯз ду сол пеш рӯйи Покистон кӯчид. Шумо бояд ба Афғонистон ва Покистон ба ҳайси қисме аз масъалаи ҳамсон бингаред. Ин минтақаи марзист, ки дар он аносири тундрав назоратро ба даст гирифтаанд ва ба Ал-Қоида паногоҳи амн медиҳанд, то аз он ҷо ба Афғонистон ва Покистон ва тамоми ҷаҳон ҳамла кунад. Биноан, мо хостори таҳкими ҳамкорӣ бо Покистон шудем. Мусалламан, ин ҳол шиддатро низ ба миён овард, вале ба сурати умум Покистон бо мо дар барномаи ҷамъоварии иттилоъ ва зарба ба ҳадафҳои муҳим дар дохили Покистон ҳамкорӣ кард. Мо бар инем, ки ҳеҷ кишвари дигаре аз ҳамлаҳои террористӣ монанди Покистон заҷр надидааст. Аз ин рӯ, ин ком илан ба манфиати худи онҳост. Ба назари мо, қонунист, ки Покистон дар раванди оштии Афғонистон нақши муҳим дошта бошад. Ман медонам, ки президент Карзай дар сафарҳояш ба Исломобод мувофиқа кард, ки Покистон ва Афғонистон якҷо бо Иёлоти Муттаҳида бояд гурӯҳи меҳвариеро таъсис диҳанд, ки раванди сулҳу оштиро баррасӣ кунад. Покистон дар сари кор бо террористҳое, ки ҳанӯз дар қаламраваш ҳастанд, на танҳо масъулият дорад, балки амиқан манфиатдор аст."

Суол: Вале рӯшан аст, ки муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Покистон рӯ ба сардӣ ниҳодаанд. Шумо ин равобити то рафт коҳишёбандаро чӣ гуна тармим хоҳед кард?

Барак Обама: “Ман фикр мекунам, муносибатҳо дар ин байн ошкортару самимитар шуданд. Ин баъзе тафовутҳои воқеиро ба миён меорад. Мусалламан, амалиёти маҳви Усома бин Лодин шиддатҳои наверо ба миён овард, вале ман ҳамеша ба Покистон рӯшану ошкор мегуфтам, дар куҷое ки ӯро пайдо кунем ва як тир ҳам дошта бошем, ӯро мезанем. Мо фикр мекунем, агар Покистон таҳдиди тундравони дохили худро ба истиқлолияташ дарк кунад, мо метавонем ҳамкории хубе дошта бошем, зеро манфиатҳои амниятии Иёлоти Муттаҳида, манфиатҳои амниятии Покистон ва манфиатҳои амниятии Афғонистон ба ҳам печидаанд.”

Суол: Ба фикри Шумо, дуруст аст, ки Покистон бояд дар муқобили терроризм нақши бузургтаре бозад?

Барак Обама: “Ман фикр мекунам, Покистон ҳамеша терроризмро ё мушкили дигарон мешуморид ё бархе аз аносири Толибонро деворе медонист, барои дар дохили Афғонистон нигоҳ доштани таъсири онҳо. Мо ба Покистон расондем, ки терроризм ба Покистон ҳамон таҳдидеро дорад, ки ба кишварҳои дигар мекунад. Он на танҳо муносибати Покистонро бо ҳамсоягонаш ва дӯстонаш, ба монанди Иёлоти Муттаҳида, доғдор мекунад ва агар Покистон бо ҳукумати Афғонистон муносибати мустақими созанда дошта бошад, ягон зарурат нест, ки Толибонро ба ҳайси деворе зидди Афғонистон қабул кунад. Дар ивази ин бояд ҳукумати афғонро шарики худ донист ва бо он ҳамкорӣ кард."

Суол: Чун ба Афғонистон баргаштем, оё фикри инро мекунед, ки ҳампаймонҳои аврупоӣ бояд кори бештаре кунанд. Тавре медонед, вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, махсусан дар ду ҳафтаи охир, аз амалкардҳои аврупоиҳо ва НАТО хеле ноқаноатманд буд. Онҳо метавонанд ё бояд кори бештаре кунанд?

Барак Обама: “Ман фикр мекунам, қурбониҳое, ки ҳампаймонҳои аврупоии мо дар Афғонистон доданд, фавқулодаанд. Агар ба арқом нигоҳ кунед, мебинед, ки нерӯҳои бритониёӣ хеле талафоти зиёд доданд. Ба фаронсавиҳо, итолиёиҳо, ҳолландиҳо нигаред, теъдоди бузурги куштаҳо додаанд. Агар Шумо ба бисёре аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ нигаред, ки арқоми зиёд доранд, мебинед, ки гоҳе онҳо беш аз тавоноиҳо ҳарбии худ талошҳо кардаанд. Мо аз тавонмандию кӯшиши онҳо хеле мутаассир шудаем. Ҳоло ман ба он фикр мекунам, ки бо таҳаввули нақши НАТО пурсишҳои зиёди роҳи ояндаи мо матраҳ мешавад ва ин дар ҳолест, ки ҳамаи мо фишори сахтеро рӯи буҷаҳои ҳарбии худ эҳсос мекунем. Ба фикри ман, вазир Гейтс камтар дар бораи ширкати аврупоиҳо дар Афғонистон ҳарф мезад, ки хеле қавӣ ва устувор аст, балки бештар дар бораи амалиёти оянда ва зарфиятҳои оянда, ки оё Аврупо нақши шарики комил будани худро бо мо дар чораҷӯиҳои НАТО эътироф мекунад ё хайр?"

Суол: Шумо аз буҷаҳои низомӣ ёд кардед ва ман мутмаинам, яке аз сабабҳои хуруҷи нерӯҳо ҳамин нархи ҷанг аст. Суоли васеътар ин аст, ки то чӣ ҳадде бӯҳрони феълии буҷа сиёсати хориҷии Шуморо муайян мекунад? Аз он лиҳоз ки Иёлоти Муттаҳида чӣ карда метавонад ва чӣ карда наметавонад?

Барак Обама: "Ҳақиқат ин аст, ки ин андешаҳо ба пояи шуморишҳои буҷа ҳосил нашудаанд. Онҳо ба стратегияе рабт доранд, ки ман 18 моҳ пеш таҳия кардам ва мехостам, нишон диҳам, ки мо ба ваъдае, ки ба мардуми Амрико додем, вафо мекунем, зеро ман гуфта будам, ирсоли нерӯҳои иловагӣ ҳамагӣ 18 то 24 моҳ давом хоҳад кард. Муҳимтар аз ҳама ин аз шинохти стратегие бармеояд, ки ягона роҳи амнияти дарозмуддати Афғонистон барои мо ба афғонҳо додани тавони дидбонии деҳаҳо ва кӯчаҳои онҳост. Дар ниҳояти амр, ин вазифаи худи афғонҳост. Ҳақиқати бешубҳа ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида бори азиму сангини молиявии на танҳо ҷанги Афғонистон, балки ҷанги Ироқро низ бар дӯш дошт. Яке аз далелҳое, ки ман дар мавриди ин хуруҷ барои мардуми Амрико такрор кардам, ин буд, ки нерӯ ва тавоноии мо ҳамеша дар навбати аввал ба қудрати иқтисодӣ ва шукуфоии мо бастагӣ дорад. Мо бояд дар харҷи нерӯи хеш хеле одилона амал кунем. Ин як стратегияи хуб аст. Он барои амнияти миллии мо низ хуб аст. Ва иттифоқан барои буҷаи мо низ."
XS
SM
MD
LG