Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози вакилони курд аз лағви мандати Ҳатиб Диҷла


Дар Туркия вакилон аз ҳизби Сулҳ ва демократия, ки аз манофеъи курдҳои кишвар дифоъ мекунанд, ба нишони эътироз алайҳи лағви мандати сиёсатмадор Ҳатиб Диҷла мехоҳанд кори парлумонро таҳрим кунанд.

Дирӯз Шӯрои олии интихоботии Туркия мандати Ҳатиб Диҷларо, бо далели он ки ӯ қаблан барои аъмоли марбут ба терроризм маҳкум шуда буд, бекор кард.

Дар интихоботи парлумонии рӯзи 12 июни соли равон 36 узви ҳизби Сулҳ ва демократия соҳиби курсиҳои парлумони Туркия шуданд. Дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизби адолат ва рушди нахуствазир Раҷаб Тайид Эрдуғон пирӯз шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG