Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Фаронса ва Олмон Афғонистонро тарк мекунанд


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, эълом дошт, ки низомиёни кишвар марҳала ба марҳала Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Бар пояи хабарҳо, коҳиши афсарону сарбозони фаронсавӣ, ки теъдодашон чаҳор ҳазор нафар аст, амсоли коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон сурат мегирад.

Дирӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар як суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт, ки ҳудуди 10 ҳазор низомӣ то охири ҳамин сол Афғонистонро тарк мекунанд ва боз 23 ҳазор сарбози дигар тобистони соли оянда ба Амрико бармегарданд.

Гидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон низ имрӯз изҳор намуд, ки то охири сол теъдоди низомиёни кишвар дар Афғонистон коҳиш хоҳад ёфт.

Айни ҳол дар Афғонистон 130 ҳазор афсару сарбози кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ мустақаранд.

Қарор аст, ки соли 2014 назорати таъмини амнмият дар Афғонистон комилан бар дӯши нерӯҳои маҳаллӣ вогузор шавад.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз тасмими Вошингтон барои шурӯъи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз кишвар истиқбол кард.

Ва аммо ҷунбиши “Толибон” тасмими Амрико барои то охири сол аз Афғонистон берун кашидани даҳ ҳазор афсару сарбозро як амали ночиз номид.

Дар як изҳорот ҷангиён аз номи Аморати исломии Афғонистон хостори хурӯҷи фаврии ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ шуданд ва таҳдид намуданд, ки дар акси ҳол муқавиматро шадидтар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG