Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комиссиюни вижа қонуншиканӣ дар интихоботро иқрор кард


Тақрибан чаҳоряки вакилоне, ки соли гузашта соҳиби курсиҳои парлумони Афғонистон шудаанд, бояд аз мандатҳои худ маҳрум карда шаванд.

Дар ин бора комиссиюни вижа оид ба таҳқиқи далоили қонуншиканӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии кишвар тасмим гирифт.

Комиссиюн иқрор кард, ки гурӯҳи бузурги вакилон аз тариқи қонуншиканӣ ба парлумон роҳ ёфтаанд.

Ба гуфтаи Сиддиқуллоҳ Ҳақиқ, раиси ин комиссиюн, ки бо ибтикори раисиҷумҳур Ҳомид Карзай таъсис шудааст, онҳо баргаҳои раъйдиҳӣ дар 33 вилояти Афғонистонро дубора баршумурданд.

Бештари вакилони парлумони Афғонистон бо ин тасмими комиссиюн розӣ нестанд.

Нозирони байнулмилалӣ ҳам дубора баршумурдани баргаҳои раъйдиҳиро ғайриқонунӣ арзёбӣ кардаанд.

Интихоботи парлумонии Афғонистон моҳи сентябри соли гузашта баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG