Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ “Фитна”-и Вилдерсро озодии баён номид


Герт Вилдерс баъд аз эълони ҳукми додгоҳ, 23-юми июни соли 2011.

Герт Вилдерс баъд аз эълони ҳукми додгоҳ, 23-юми июни соли 2011.

Додгоҳи Ҳолланд гуфт, аъмоли сиёсатмадор Герт Вилдерс аз чаҳорчӯби қоидаҳои баҳси сиёсӣ берун нарафтааст.

Рӯзи панҷшанбе додгоҳи шаҳри Амстердам тамоми айбномаи сиёсатмадори ҳамнгомаҷӯ Герт Вилдерсро, ки бо таҳқири мусулмонон муттаҳам мешуд, беасос донист.

Бино бар ҳукми додгоҳ, ҳар яке аз панҷ бахши иттиҳом, ки бар пояи изҳороти Вилдерс тавассути воситаҳои ахбори умум дар солҳои 2006-2008-ум асос ёфта буд ва ҳамчунон як филми зиддиисломии 17-дақиқаинаи ӯ мутобиқ ба чаҳорчӯби баҳси сиёсӣ будааст. Ҳамчунон додгоҳ таъкид кардааст, ки гуфтаҳои Вилдерс наметавонад ҳамчун табъизи мусулмонони Ҳолланд арзёбӣ шавад.

Бо эълони ин ҳукм ҳаводорони Вилдерс дар назди бинои додгоҳ ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданду кафкӯбӣ менамуданд. Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон ин сиёсатмадори 47-солаи ҳолландӣ ҳукми додгоҳро на танҳо пирӯзии ӯ , балки пирӯзии озодии баён дар Ҳолланд низ унвон дод.

Вилдерс дар як мақолааш дини исломро бо натсизм муқоиса кардааст. Бар илова ӯ як филмеро бо номи "Фитна" коргардонӣ карда, мусулмононро ба даррондани варақҳои Қуръон ташвиқ намудааст. Дар ҷои дигар Вилдерс дар бораи ба истилоҳ “тсунамӣ”-и мусулмонон ба Ҳолланд ҳарф мезанад.

Вилдерс доимо таъкид мекард, ки баёнияҳои ӯ бар зидди дини ислом ҳастанд, на мусулмонон.
Таҳқиқи баёнияҳои Вилдерс соли 2009-ум оғоз ёфта, муҳокимаи ӯ дар додгоҳ ба тирамоҳи соли 2010-ум рост омад. Вале бо дархости вакили мудофиаи Вилдерс додрас канор кашида шуду муҳокима то ибтидои соли равон таъхир ёфт.

Ба қавли коршиносон аҷиб ин будааст, ки акнун ҳам вакилони Вилдерс ва ҳам идораи додситонӣ лағви иттиҳомотро талаб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол додгоҳи истиънофӣ ё худ аппелятсионӣ гуфтааст, ки бозбинии қазияро талаб мекунад. Ҳизби Озодии Вилдерс сеюмин бузургтарин ҳизби сиёсии Ҳолланд аст. Ин ҳизб узви эътилофи ҳоким нест, вале ризоят додааст, ки дар муқобили иҷрои шартҳояш аз ҳукумати ақаллият пуштибонӣ кунад. Дар байни шартҳои ҳизби Вилдерс масъалаҳои марбут бо муҳоҷират ва манъи ҳузузри занони ниқобпӯши мусулмон дар ҷойҳои ҷамъиятии Ҳолланд аст.

Умуман, аз миёни 16 миллион аҳолии Ҳолланд тахминан як миллион нафар мусулмон буда, 850 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандии Ҳолландро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG