Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири як шаҳри Фаронса дар таҷовуз айбдор мешавад


Дар Фаронса собиқ узви ҳукумат ва собиқ мири шаҳри Дравей Жорж Трон дар таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба занон айбдор мешавад.

Аз болои Жорж Трон заноне шикоят карданд, ки замони мири шаҳри Дравей, воқеъ дар ҷануби Порис буданаш бо ӯ кор мекарданд.

Рӯзи душанбе ба мансабдори собиқ расман айб эълон шуд ва дирӯз ӯ баъд аз пардохти гаравпулӣ маҳбасро тарк кард.

Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба Жорж Трон 20 соли маҳбас таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG