Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навад сол инҷониб дар Осиёи Марказӣ бисёрзанӣ ё худ полигамия манъ мебошад.

На дар даврони Шӯравӣ ва на баъд аз он кадом яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бисрёрзанӣ ва ё бисёршавҳариро расман иҷозат надодааст, вале дар амал зимомдорон ин қонунро муроот намекунанд.

“Алмаато барои бойбишаҳо асту Остона барои токалҳо”. Ин таъбир дар Қазоқистон маъруф буда, дар миёни мардум барои инъикоси бисёрзании мансабдорон истифода мешавад. “Бойбиша” ҳамсари аввал ва “токал” ҳамсари ҷавонтари мард аст. Дар солҳои навадуми қарни гузашта вақте пойтахти Қазоқистон аз Алмаато ба Остона интиқол ёфт, мансабдорони баландпоя доимо дар байни ду шаҳр равуо доштанд. Баъзе аз онҳо ҳамсарони авввалашонро дар Алмаато нигаҳ дошта, дар пойтахти нави кишварашон хонумҳои ҷавонро ба ҳайси ҳамсари нав қабул кардаанд.

Тибқи қонун, сар аз соли 1921 дар Қазоқистон ва дигар ҷамоҳири минтақа бисёрзанӣ манъ шудааст. Баъди суқути Шӯравӣ ҳам ягон кишвари соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ бисёрзанӣ ва ё полигамияро расман иҷозат надодааст. Дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ шахсе, ки ҳамсари дуюм ва ё сеюм мегирад, метавонад ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум шавад. Вале сар аз соли 1998 Қазоқистон бисёрзаниро аз қонуни ҷиноӣ берун кашид.

Рақами воқеии мардони серзани Қазоқистон маълум нест. Дар пурсишҳои ғайрирасмии афкори омма, 40 дар сади мардон аз бисёрзанӣ пуштибонӣ кардаанд. Дар миёни занон 20 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки бо бисёрзанӣ мушкиле надоранд.

Тарафдорони ин падида ба анъанаҳои милливу мазҳабӣ ишора карда, мегӯянд, ки дар шароити муайян, дини Ислом иҷозат медиҳад, ки мард бар иловаи ҳамсари аввал зани дуюму сеюм бигирад.

Шинар-апай, хонуми 57-солаи қазоқ аз шаҳри Шимкент мухолифи бисёрзанӣ нест. Ӯ ҳамроҳ бо ду ҳамсари ҷавонтари шавҳараш панҷ фарзандро тарбият мекунад: “То замоне, ки мардон ҳамаи занонашонро аз нуқтаи назар молӣ таъмин мекунанд, ман бо бисёрзанӣ ҳеҷ мушкиле надорам. Мо дар хонаамон чизеро тақсим намекунем. Ҳамаи кӯдакон мо се ҳамсарро модар меноманд. Мо ҳамроҳ ба ҳар ҷо меравему корҳои хонаро тақсим мекунем.”

Ба ақидаи Шинар-апай, ки худро дар нақши бойбиша мебинад, беҳтар аст, мард ошкоро чанд зан дошта бошаду нигаҳбони оилаи дуюму фарзандонаш бошад. Шинар-апай меафзояд, фарзандоне, ки аз маъшуқаҳои пинҳонӣ ба дунё меоянд, аз кӯмаки хешу наздикони падаронашон барканор мемонанд.

Фикри Шинар-апай барои аксарияти мардуми Қазоқистон кашфиёт нест. Коршиносони қазоқ мегӯянд, одатан мардони аз 40-сола боло дар фикри издивоҷи дуюму сеюм буда, хонумҳои аз 20 то 30-сола мавриди таваҷҷӯҳи онҳо ҳастанд.

Собиқ домоди президенти Қазоқистон Роҳат Алиев, ки ҳоло дар ғурбат буда, дар Қазоқистон ҳамчун душмани миллат арзёбӣ мешавад, дар ёддоштҳояш навиштааст, ки худи раисҷумҳури Назарбоев бар иловаи ҳамсараш Соро боз ду ҳамсари ҷавон, яъне ду токал дошта, аз онҳо се фарзанд, ду духтару як писар дорад.

Масъалаи эътирофи бисёрзанӣ ду дафъа дар парламенти Қазоқистон баррасӣ шудааст. Соли 2001-ум пешниҳод шуд, ки ба токалҳо, яъне ба ҳамсарони дуюму сеюм мақоми қонунӣ дода шавад, вале пешниҳод аз пуштибонии кофии вакилони мардумӣ бархӯрдор нашуд.

Соли 2008-ум боз ҳам дар чорчӯби қонуни ақди никоҳ ва оила пешниҳоди эътирофи расмии бисёрзанӣ матраҳ шуд, вале бо ташаббуси вакилони зан ва фаъолони ҳуқуқи башар ноком гардид. Бахт Сиздиқова вакили ҷавон аст, ки бо ҳимоят аз ҳуқуқи занон шинохта мешавад. Ӯ мегӯяд, агар мардон бисёрзанӣ мехоҳанд, онҳо бояд эътироф кунанд, ки зан ҳам ба гирифтани чанд шавҳар ҳақ дорад. Сиздиқова хотирнишон мекунад, ки дар қонуни асосии кишвар ҳаққи зану мард баробар аст.

Ҳолдонҳо тахмин мекунанд, ки шояд ба ҳамин зудиҳо пешниҳоди эътирофи расмии бисёрзанӣ дар ягон шакли дигар ба баррасии парламент матраҳ гардад.

То он вақт афроди хоҳишманди издивоҷи дуюму сеюм ба назди муллоҳо рафта, никоҳи исломӣ хоҳанд кард. Дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба муллоҳо дастур дода шудааст, ки бидуни шаҳодатномаи ақди никоҳи давлатӣ никоҳи исломиро нагузаронанд, вале мақомоти Қазоқистон дар ин бора иқдом накардаанд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ имом-хатиби масҷиди Алмаато Бахтиёр Ҳасаналиев иброз дошт, ки сар аз оғози сол то нимаҳои моҳи июн тахминан 400 ва ё 500 маросими никоҳи исломӣ баргузор намудааст.
XS
SM
MD
LG