Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод ва Деҳлӣ робитаҳоро эҳё мекунанд


Ба ҳайати Ҳинд вазири умури хориҷӣ Нирупама Рао сарварӣ мекунад
Ба ҳайати Ҳинд вазири умури хориҷӣ Нирупама Рао сарварӣ мекунад
Дар Исломобод имрӯз музокироти дурӯзаи Покистону Ҳинд бо ширкати масабдорони воломақоми вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар шурӯъ мешавад.

Қарор аст, ки дар гуфтушунидҳо ҷонибҳо аз ҷумла, мавзӯъи мубориза бо терроризм ва вазъ дар минтақаи баҳсноки аёлати Кашмирро баррасӣ кунанд.

Робитаҳои расмӣ миёни Исломобод ва Деҳлӣ моҳи феврали соли равон аз сар гирифта шуданд.

Ин робитаҳо моҳи ноябри соли 2008, баъд аз як ҳамлаи террористӣ ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон гусаста шуда буданд. Дар он ҳамла, ки аз сӯи ҷангиёни мустақар дар Покистон сурат гирифта буд, 166 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG