Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Амстердам сиёсатмадори ҳуландӣ Геерт Вилдерсро, ки дар барангехтани нафрат ба мусалмонҳо ва поймолсозии ҳуқуқи онҳо айбор мешуд, сафед кард.

Дар филми худ “Фитна” Вилдерс, раиси Ҳизби озодӣ, исломро бо фашизм баробар хоҳанд буд. Ин филм боиси хашму ғазаби мусалмонҳо дар кишварҳои гуногуни олам шуда буд.

Дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки изҳороти Вилдерс бояд ҳамчун як бахши баҳс дар ҷомеъа оид ба мушкили муҳоҷират ва ҳамзистии фарҳангҳо арзёбӣ шавад ва он ба поймосозии ҳуқуқи мусалмонҳо робитаи мустақим надорад.

Худи Вилдерс чандин бор эълом дошт, ки аз ҳуқуқи озодона баён кардани афкораш истифода кардааст.
XS
SM
MD
LG