Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Қазоқистон дубора аз мақомоти Австрия хостори истирдоди сафири собиқи кишвар дар Вена Роҳат Алиев шуд.

Дар Қазоқистон Роҳат Алиев, домоди пешини раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев, барои ҷиноёти сангин, аз ҷумла, таҳияи табаддулоти давлатӣ ғойибона ба 40 соли маҳбас маҳкум шудааст. Ахиран додгоҳ ӯро дар куштори ду нафар ҳам муттаҳам донист.

Додгоҳи Вена ду бор – соли 2008 ва соли равон бо далели “адами кафолати адолати додгоҳӣ дар Қазоқистон” аз истирдоди Роҳат Алиев ба Остона сарпечӣ кард.

Худи Роҳат Алиев мегӯяд, ки иттиҳоми мақомоти Қазоқистон ангезаи сиёсӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG