Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Истиқлол” бо тими миллии Афғонистон барпо намегардад


Бозии дӯстонаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими миллии футболи Афғонистон, ки мебоист 25-уми июн дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак доир мешуд, барпо намегардад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, иттилоъ дод.

Вай афзуд: “Юсуф Коргар, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Афғонистон, ба мо хабар дод, ки бар асари нооромиҳо дар баъзе аз манотиқи кишвари ба мо ҳамсоя бо нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон омадани даста мушкилоти зиёд эҷод кардааст. Бинобар ин онҳо кӯшиш доранд, ки тавассути ҳавопаймо пеш аз бозии интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон бо дастаи миллии Фаластин ба Тоҷикистон оянд. Ёдовар мешавам, ки бозии тимҳои миллии Афғонистон ва Фаластин 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.”

Ба гуфтаи Шералӣ Давлатов, бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 18-уми сабқати Лигаи олии кишвар миёни тимҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд аз 23-юми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шуд. Бозии даври 19-уми мусобиқот байни “Истиқлол” ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бар асоси тақвими мусобиқот 26-уми июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG