Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи байнидавлатии авиатсионии (КБА)-Русия иттилоъи аввалияи сабти “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймои дар канори шаҳри Петрозаводск суқуткардаро нашр кард.

Гуфта мешавад, ки муҳаррикҳои ТУ-134 то лаҳзаи ба замин бархӯрдан кор мекарданд, аз кор мондан ваё мушкили фаннии ягон системи ҳавопаймо сабт нашудааст.

Ба итилоъи расмӣ, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи банди вайрон кардани қойидаҳои бехатарӣ сурат мегирад.

Ҳавопаймои ТУ-134-и ширкати “Русэйр”, ки шаби 20 ба 21 июн аз Маскав ба Петрозаводск парвоз мекард, каме дуртар аз фурудгоҳ дар шоҳроҳе ба замин бархӯрд ва оташ гирифт.

Дар ин ҳодиса 45 нафар ба ҳалокат расиданд, ҳафт нафар аз маҷрӯҳон дар бемористонҳои шаҳрҳои Маскав ва Петрозаводск таҳти назорати табибон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG