Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз тасмими Вошингтон барои шурӯъи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз кишвар истиқбол кард.

Дирӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА эълом дошт, ки бештар аз 30 ҳазор афсару сарбози кишвараш то тобистони соли 2012 аз Афғонистон берун хоҳанд шуд.

Ӯ дар як суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт, ҳудуди 10 ҳазор низомӣ то охири ҳамин сол Афғонистонро тарк мекунанд ва боз 23 ҳазор сарбози дигар то тобистони соли оянда ба Амрико бармегарданд:"

Дар ҳамин ҳол ҷунбиши “Толибон” тасмими Амрико барои то охири сол аз Афғонистон берун кашидани даҳ ҳазор афсару сарбозро як амали кучак номид.

Дар як изҳорот ҷангиён аз номи Аморати исломии Афғонистон хостори хуруҷи фаврии ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ шуданд ва таҳдид кардаанд, ки дар акси ҳол муқавиматро тақвият хоҳанд бахшид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG