Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беназмиҳои шоми гузаштаи мухлисони футбол дар Душанбе, вокунишҳои мухталифи ҷомеаро дар пай доштааст.

Ин дар ҳолест, ки аз як сӯ беназмии мухлисон рӯ ба афзоиш дошта, аз сӯи дигар, бино ба мансубияти дастаҳои муайян талош мешавад, ба ин падидаҳо моҳияти сиёсӣ дода шавад.

Дар як моҳи ахир ин барои бори дуввум аст, ки баъди анҷоми бозии футболи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб муноқиша ва бетартибиҳои
Мухлисон дар тарафи микрорайони 46 даст ба беназмӣ задаанд. Масъалаи бозӣ, масъалаи доварии доварон, масъалаи амнияти майдон ягон мушкилӣ надошт...

дастаҷамъона рух медиҳад. Дар бозии рӯзи гузашта ин даста ҳарифи худ "ССКА-Помир"-и шаҳои Душанберо бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дод ва чуноне яке аз доварони футболи тоҷик Раҳмон Муртазоев дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, дар майдон ҳеҷ гуна бенизомӣ ба вуқӯъ напайваста ва назму оромӣ комилан ҳифз буд.

Аммо, гуфт оқои Муртазоев, бетартибиҳо берун аз саҳнаи бозӣ ва дар хиёбонҳои пойтахт иттифоқ афтодаанд: «Мухлисон дар тарафи микрорайони 46 даст ба беназмӣ задаанд. Масъалаи бозӣ, масъалаи доварии доварон, масъалаи амнияти майдон ягон мушкилӣ надошт. 700 милиса буд. Баъди бозӣ дар роҳ дар самти ҳудуди қасабаи 46 ва кинотеатри «Тоҷикистон» мухлисҳо бетартибӣ кардаанд.»


Шоми чаҳоршанбе ба панҷшанбе садҳо нафар аз ҷавонон бо ҳаракатҳои номуназзам дар кӯчаҳои шаҳр ва бо доду фарёд шишаи мошинҳо ва хонаҳоро шикастаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйид мекунад, ки онҳо мухлисони футбол будаанд, ки пас аз бозии дастаҳои "ССКА-Помир" ва "Равшан"-и Кӯлоб дар варзишгоҳи маҳаллаи "Политехникум"- шаҳр даст ба бетартибиҳо задаанд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ ходимони интизомӣ талош кардаанд, ки пеши роҳи бетартибиҳо гирифта шавад вале баъзе аз мухлисон итоат накарда ба сӯи мошинҳои роҳгузар ва ва манозили мардум санг андохтаанд

Тоҳир Норматов-сардори ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки қазияи мазкур таҳти бозрасӣ қарор дорад ва чил нафар мазнун дар он боздошт шудаанд: «Фақат шишаи пеши се мошин шикаста шудааст. Ягон кас зарар надидааст. Ягон кас ба беморхона наафтодааст. Милиса чил касро дастгир кард."

Ин бори аввал нест, ки баъди бозии футболи дастаи шаҳри Кӯлоб нооромиҳо рух медиҳад. Аммо мураббии дастаи "Равшан"-и Кӯлоб,

Маъруф Рустамов мегӯяд, воқеае, ки дар Душанбе ба вуқӯъ пайваст, кори дасти мухлисони кӯлобӣ нест, зеро худи ӯ шоҳид аст, ки онҳо ҳамроҳи даста ба шаҳри худ баргаштанд. Вай ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, пас аз рӯйдодҳои 14-уми июн дар Кӯлоб дастаи "Равшан" бо мухлисони худ мулоқот кард ва ба онҳо фаҳмонд, ки тарафдори чунин воқеаҳо нест.

Пас он чӣ дар Душанбе ба вуқӯъ пайваст, кори дасти кист? Ин ва пурсишҳои дигаре ва куллан бардошту вокунишҳо низ ба он яксону якранг нестанд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, доираҳои муайяне мехоҳанд, бозии футболро бо сиёсат биомезанд ва бо дасти ҷавонон, ки қисмати аъзами мухлисони ин бозиро ташкил медиҳанд, аҳдофи худро пиёда кунанд.

Абдулло Ҳабибов

Абдулло Ҳабибов, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд ба сиёсат кашидани футбол дар Тоҷикистон як кори тасодуфӣ набояд пиндошта шавад: «Фикр мекунам ҳам қувваҳои хориҷӣ ҳастанд ва онҳо метавонанд ба ин кор шомил кунанд қувваҳои дохилиро, ки имрӯз аз сиёсат, аз вазъи иҷтимоӣ норизо ҳастанд.»

Ба ақидаи генерали бознишастаи тоҷик вазъи куллӣ ин гунааст, ки тарафи дилхоҳ метавонад бо ҳар восита аз он истифода кунад ва тамаркуз рӯи Кӯлоб низ беасос нест, зеро ин қувваҳо, ба гуфтаи ҷаноби Ҳабибов медонанд, ки Кӯлоб хеле нуфузи зиёд дорад ва саҳмаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар барқарор кардани сулҳу оромӣ зиёд аст. Бинобар ҳамин ин қувваҳои бовар доранд, ки агар Кӯлоб бархезад, онҳо ба мақсади худ тезтар мерасанд.

Аммо ба назари Сайфулло Сафаров-муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодиса ангезаи сиёсӣ надорад. Оқои Сафаров гуфт ҳодисаи
Сайфулло Сафаров

нороҳативу шодмонии мухлисони ашаддии бозии футбол падидаи нав нест ва аз ин рӯ асос ва далеле дар даст нест, ки бигӯем ҷавонони 14-18 сола бо аҳдофи сиёсӣ эҳсоси шодмонии худро ба намоиш гузошта бошанд: «Дар ҳамаи шаҳрҳои бузург фанатҳои футбол ҳастанд. Ҳамин гуна натиҷаҳо ба вуҷуд меояд, ки аслан хислати сиёсӣ надорад. Пеш аз ҳама баровардани ҳамон эҳсосоти ҷавонӣ аст, ки баъд аз ҳамин гуна бозиҳо зоҳир мешавад."

Ба назари Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, футбол имрӯз дарвоқеъ як навъ оҳанги сиёсӣ касб кардааст ва ин сабабҳои ба худ хосро дорад. Оқои Мирзо мегӯяд: "Ман фикр мекунам пеш аз ҳама сабаб дар он аст, ки мардум аз ҷумла ҷавонон аллакай хостори хеле зиёди тағйирот
Раҷаби Мирзо

шудаанд. Ва барои ин мардум, ки масалан дар инқилобҳои ахири Шарқи Наздик пешбарандаи ҳамин инқилобҳо буданд, онҳо норозигии худро бо воситаи ҳамин футбол, бо воситаи ҳамин гуна намоишҳои эътирозӣ бадар мекунанд.»

Аммо ба назари Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ба ин ҳодиса ҷанбаи сиёсӣ додан чандон дуруст нест, чун натиҷа ва оқибатҳои бад дорад.

Воқеаи дувум дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки 14-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб, баъд аз бохти дастаи "Равшан" ба "Истиқлол" байни мухлисони футбол ва нерӯҳои умури дохилӣ даргирӣ ба вуқӯъ пайваста, чандин нафар захмӣ гаштаанд. Барои пароканда кардани мухлисони ошӯбӣ кормандони умури дохилӣ аз таркишҳои тарсонанда ва мошини обпош истифода кардаанд.

Мухлисони "Равшан"-и Кӯлоб кормандони умури дохилиро масъули даргириҳои Кӯлоб номида, аз он норозӣ буданд, ки ба ақидаи онҳо, дар бозиҳои даста бо "Истиқлол", ки писари раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ яке аз сарпарстони он аст, доварон ба суди "Истиқлол" доварӣ кардаанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон баъд аз баррасии рӯйдод дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб, "Равшан"-и Кӯлобро аз панҷ бозӣ дар ин варзишгоҳ маҳрум ва ба 3000 сомонӣ ҷарима карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG