Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 000 сарбози амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ мешавад


Барак Обама дар як нутқи телевизионӣ замони хуруҷи аввалин гурӯҳи сарбозони кишварашро аз Афғонистон эълом кард.

«Аз моҳи оянда қодир хоҳем буд, ки даҳ ҳазор сарбози амрикоиро то поёни имсол аз Афғонистон берун кунем ва ба таври маҷмӯи 33 ҳазор сарбозро дар тобистони соли 2012- мелодӣ аз Афғонистон хориҷ хоҳем кард.»

Ин шумори изофии сарбозон аст, ки ба дастури худи раиси ҷумҳури Обама ва ба дархости фармондеҳи низомияш дар Афғонистон ҳудуди ду сол қабл ба ин кишвар эъзом шуда буданд.

Коршиносон мегӯянд, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар зери фишори вакилони Конгресс ва афкори умум маҷбур шудааст, ки баъд аз тақрибан даҳ соли амалиёт дар Афғонистон пешниҳоди коҳиши ҳузури низомӣ дар ин кишварро бипазирад.

Бо хуруҷи ин сарбозон, ҳудуди 70 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.

Паёми Обама дар бораи Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим



Обама дар нутқи тақрибан понздаҳ дақиқаи худ хитоб ба амрикоиҳои хаста аз ҷанг гуфт: «Баъд аз ин коҳиши ибтидоӣ, нерӯҳои бештар ба таври тадриҷӣ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. Бо гирифтани раҳбарии масъулияти амниятӣ аз сӯи худи афғонҳо, маъмурияти муҳорибавии мо ба маъмурияти ҳимоявӣ мубаддал хоҳад шуд ва дар соли 2014-и мелодӣ, ин ҷараёни интиқол такмил хоҳад шуд ва мардуми Афғонистон масъули таъмини амнияташон хоҳанд буд.»

Ҳафтаи гузашта фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва паймони НАТО дар Афғонистон генерал Дейвид Петреус якчанд варианти хуруҷи сарбозон аз Афғонистонро пешкаш кард.

Гуфта мешавад, ки фармондеҳони низомӣ ҷонибдори бозгашти тадриҷии нерӯҳоянд, вале мушовирони Обама аз хуруҷи босуръат ва ҷиддӣ пуштибонӣ мекунанд.

Дар ҳоле, ки бисёриҳо дар бораи шумора ва замони беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон ҳадс мезананд, баъзе коршиносон ин суолро матраҳ кардаанд, ки сарнавишти 30 000 афсару сарбозе, ки дар соли 2009-ум ҳамчун воҳидҳои тозанафас ба Афғонистон интиқол ёфта буданд, чӣ хоҳад шуд?

Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай аз изҳороти Обама истиқбол кард ва гуфт, мардуми кишвараш аз ин тасмими раҳбари Иёлоти Муттаҳида ҳимоят мекунанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00


Себастиан Горка, шореҳи умури низомӣ дар Бунёди мудофиа ва демократия, ки марказаш дар Вашингтон аст, мегӯяд, шояд низомиёни афғон дар соли 2014-ум низ ба таъмини амнияти саросари Афғонистон ҳозир нашаванд:

“Мо ҳоло омода нестем, ки умури амниятиро бар дӯши сарбозони маҳаллӣ ва ҳукумати зери раҳбарии президенти Афғонистон Ҳомид Карзай вогузор кунем, то онҳо ба таври муассир истиқлоли ин кишварро ҳимоят кунанд.”

Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс, ки охири моҳи равон ба истеъфо меравад, ҷонибдори беруншавии мӯътадили сарбозон аз Афғонистон аст. Дар Кобул Гейтс ба раҳбари Афғонистон ваъда дод, ки дар рӯ ба рӯи ошӯбҳои Толибон ИМА ҳукумати Афғонистонро фаромӯш нахоҳад кард: “Мардуми афғон бояд ду чизро дар ёд дошта бошад: Аввалан, шояд бо мурури замон ИМА ва муттафиқонаш ҳузури низомӣ дар Афғонистонро коҳиш диҳанд, вале ҳамкории дарозмуддати стратегӣ бо Афғонистон идома хоҳад дошт. Ҳамчунон мо тамрин ва ҷиҳозонидани нерӯҳои амниятии афғонро идома медиҳем, то ҳукумат имкони беҳбуди ҳаёти мардумро дошта бошад. Хуллас, мо дар беруншавӣ саросема нахоҳем шуд.”





Обама афзуд, ки коҳиши нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аз мавқифи қувват анҷом мешавад. Ӯ афзуд, ки акнун Ал-Қоида бештар аз ҳар вақти дигар таҳти фишор қарор гирифта ва заъиф шудааст.

Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистон дар ҳоли рушд ҳастанд ва саранҷом масъулиятҳои амниятиро бояд худашон бар ӯҳда бигиранд.

Обама афзуд, ки бо тақвияти ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои амниятии ин кишвар, ИМА ба ибтикори мусолиҳа хоҳад пайваст, ки ин ҷараён Толибонро ҳам дар бар хоҳад гирифт. Обама гуфт, ки мавқифи Амрико дар хусуси ин гуфтугӯҳо рӯшан аст.

Обама ҳамчунон гуфтааст, махфигоҳҳои амни террористон дар Покистон бояд ҳадаф қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG