Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан” бар ССКА “Помир”дар Душанбе


Ду бозии даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми 22-юми июн поён ёфт.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахти кишвар аз тими“Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт. Дар ин бозӣ ду голи “Равшан”-ро Эраҷ Холов (дақиқаҳои 52 -юм ва 56 -ум) ва як голро Фозил Сатторов (82 ) ба ҳадаф расонданд. Ду голи мизбонон ба Илҳомҷон Ортиқов (74) ва Комил Саидов (78) мансуб аст.

Дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат дастаи мизбон - “Хайр” бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳоро Исроил Идиев, капитани “Хайр”, дар дақиқаи 36 -ум, ҳамдастаааш Мирзобек Мирзоев (40) ва Сергей Абрамов, бозигари “Вахш” (49) заданд.

Рӯзи 23-юми июн дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ бо “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 24-уми июн “Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти кишвар бо “Гвардия”-и Душанбе рақобат мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Равшан" 16 11 2 3 31-11 35
2. "Истиқлол" 13 11 1 1 30-7 34
3. "Хайр" 15 9 2 4 27-15 29
4. "Регар-ТадАЗ" 14 8 3 3 27-14 27
5. "Энергетик" 16 7 2 7 21-22 23
6. "Вахш" 16 6 1 9 16-18 19
7. ССКА “Помир” 16 6 1 9 24-29 19
8. "Хуҷанд" 15 5 4 6 16-21 19
9. “Шодмон” 15 4 2 9 18-27 14
10. "Парвоз" 15 4 2 9 15-33 14
11. "Гвардия" 15 1 2 12 12-40 5
XS
SM
MD
LG