Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияҳои вакили аврупоӣ Ӯзбакистонро ошуфта кардааст


Ҳаракати муҳитизистии Ӯзбакистон, як ниҳоди пойбанди ҳукумат аз баёнияҳои Струан Стивенсон, як вакили порлумони Аврупо, ки ба ҳимоят аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон садо баланд мекунад, ошуфта шудааст. Ин созмон дар як номаи саркушода ба Йиржи Бузек, раиси порлумони Аврупо, гуфтааст, Струан Стивенсон, борҳо доир ба манфиатҳои тарҳи баҳсбарангези Роғун дар саргаҳи рӯдхонаи Амударё сухан гуфтааст ва магар намедонад, ки Роғун дар ҷойи зилзилахезе сохта мешавад ва ҳам дар сурати бунёди он фалокати баҳри Арал бадтар хоҳад шуд. Струан Стивенсон, вакили бритониёӣ, узви Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар порлумони Аврупо аст. Давлати Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон оби кофӣ барои обёрӣ нахоҳад ёфт. Мақомоти Тоҷикистон ин иддаъоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG