Пайвандҳои дастрасӣ

Мусаввири шинохтаи Чинро раҳо карданд


Мақомоти Чин Ай Вейвей, мусаввир ва тарроҳи шинохта дар арсаи байналмилалиро, дар ивази васиқа аз зиндон раҳо кардаанд. Ба гузориши хабаргузории расмии Синхуа, Ай Вейвей, баъди эътирофи саркашӣ аз пардохти молиёт ва ба далели он ки аз бемории мусрӣ ранҷ мекашад, озод карда шуд. Ӯ баъди бозгашташ ба хона ба телевизиони Ай Ти Ви – и Бритониё гуфтааст, ки сиҳатиаш хуб аст. Мусаввири 53-солаи Чиниро, ки аз ҳукумати кишвараш бисёр интиқод мекард, моҳи апрел дар фурудгоҳ ва қабл аз парвоз ба Ҳонк Конг боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG