Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таассуфи Амрико ва Аврупо аз амалкарди Русия


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз сабти нома нашудани ҳизби навтаъсиси Ҳизби озодии мардумӣ дар Русия ибрози таассуф кард. Ба гуфтаи хонум Клинтон, бо ин кор ҳизби мазкур аз ҳаққи ширкат дар интихоботи ояндаи порлумони Русия маҳрум шуд. Михаил Касянов, нахуствазири собиқ ва Борис Немтсов, муовини собиқи нахуствазири Русия, ҳамроҳ бо чанд сиёсатмадори дигари рус моҳи гузашта барои сабти Ҳизби озодиҳои мардумӣ дархост карданд. Вазорати адлияи Русия мегӯяд, муассисони ҳизб аз ҷумла дар аризаи худ, афродеро узви ҳизб навиштаанд, ки вуҷуд надоранд. Аммо Борис Немтсов ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, инҳо баҳона аст: "Ин як қарори ғайриқонунӣ ва як қарори сиёсӣ аст. То кунун ҳашт ҳизби сиёсиро бо баҳонаҳои гуногун сабти ном накарданд. Дар воқеъ ба интихоботи ояндаи порлумонӣ ҳеҷ гурӯҳи мухолифро роҳ надоданд. Яъне на интихобот, балки амалиёти махсус барои ғасби қудрат баргузор мешавад." Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз сабти ном нашуди ҳизби сиёсии нав дар Русия ибрози нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG