Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Ихроҷи нерӯҳо аз Афғонистон оғоз мешавад"


U.S. -- U.S. President Barack Obama speaks at the State Department in Washington, DC, on 19May2011
U.S. -- U.S. President Barack Obama speaks at the State Department in Washington, DC, on 19May2011
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико эълом кард, бештар аз 30 ҳазор сарбози кишвараш то тобистони соли 2012 аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. Барак Обама дар як суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт, ҳудуди 10 ҳазор сарбози Иёлоти Муттаҳида то охири ҳамин сол Афғонистонро тарк мекунанд ва 23 ҳазор сарбози дигар то тобистони соли оянда:" Сар аз моҳи оянда то охири сол метавонем, 10 ҳазор сарбози худро аз Афғонистон хориҷ кунем. Мо то тобистони оянда 33 ҳазор сарбози кишварро ба хона бармегардонем." Бо ихроҷи ин нерӯҳо, теъдоди сарбозони Амрико дар Афғонистон, ки 100 ҳазор нафаранд, ба 68 ҳазор нафар мерасад. Барак Обама, коҳиши теъдоди нерӯҳо дар Афғонистонро оғози барномаи коҳиши ҳузури Амрико дар ҷанг хонд. Бо гузашти 10 сол аз ҷанг дар Афғонистон ва куштани Усома Бен Лодан дар моҳи гузашта дар Покистон фишор ба Барак Обама афзоиш ёфтааст, то нерӯҳои кишварашро аз Афғонистон берун кунад.
XS
SM
MD
LG