Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаҳои "баландболои" раиси ҷумҳури Арманистон


Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон, дирӯз гуфт, ба аҳди худ барои баргузории интихоботи демократӣ ва анҷоми ислоҳоти фарогир дар кишвар содиқ аст. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, дар суханронӣ дар Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо, ӯ аз идомаи муколама бо Иттиҳодияи Миллии Арманистон, як ҳизби умдаи мухолифи давлат мисол оварда ва гуфтааст, ҷиноҳҳои рақиб ҳоло таҳаммули якдигар ва эҳтиром ба ҳамро меомӯзанд. Серж Саркиссиён, чанде пеш аъзои боқимондаи мухолифин дар зиндонро раҳо кард, ки баъди ноомриҳои пас аз интихобот дар соли 2008 зиндонӣ шуданд. Раиси ҷумҳури Арманистон ҳамчунин аз ислоҳи қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо сухан гуфт ва ваъда дод, дар мақомоти пулис ва низоми додгоҳӣ, ислоҳоти ҷиддие анҷом хоҳад дод. Ӯ афзуд, ҳукумати Арманистон барои баргузории интихоботи шаффофу одилонаи порлумон дар соли оянда саъйу талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG