Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили қирғиз ба ҷиноятҳои дигар муттаҳам шуд


Додситонии кулли Қирғизистон, вакили порлумон ва раҳбари ҳизби сиёсии Ватанро ба чанд ҷинояти дигар муттаҳам кардааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Қамчибек Тошиев ба авбошӣ ва латукӯби вакили дигар Баҳодур Сулаймонов муттаҳам мешуд ва ҳоло додситонӣ мегӯяд, ӯро ҳамчунин ба “расонидани осеби ҷисмонӣ ба инсон” муттаҳам мекунад. Қамчибек Тошиев эътироф кардааст, ки рӯзи 1 апрел дар порлумон бо Баҳодур Сулаймонов даъвову кашмакаш кардаанд, аммо ӯро назадааст. Аммо Баҳодур Сулаймонов мегӯяд, баъди он муноқиша чанд рӯз дар бемористон бистарӣ буд. Дар сурати собит шудани гуноҳ, вакили порлумони Қирғизистонро, ки дар замони Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршуда вазир буд, 7 соли зиндон интизор аст.
XS
SM
MD
LG