Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 40 тан дар робита ба беназмиҳои мухлисони футбол


Мақомот мегӯянд, дар робита ба беназмиҳои мухлисони футбол дар Душанбе, 40 нафарро боздошт кардаанд.

Як манбаъ дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамчунин дар ҷараёни ин беназмиҳои 3 мошин қисман тахриб шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин қазия парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Сокинони шаҳри Душанбе хабар доданд, ки шоми чаҳоршанбе ба панҷшанбе садҳо нафар аз ҷавонон бо ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳр ва бо доду фарёд шишаи мошинҳо ва хонаҳоро шикастаанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ дод, ки инҳо мухлисони футбол будаанд, ки пас аз бозии дастаҳои "ССКА-Помир" ва "Равшан"-и Кӯлоб дар варзишгоҳи маҳаллаи "Политехникум"- шаҳр даст ба бетартибиҳо задаанд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба поён расидааст.

Ба иттилои ин манбаъ, чандсад нафар аз мухлисони футбол аз варзишгоҳ ба воситаи кӯчаҳои Ҷомӣ ва Борбад ба самти маркази шаҳр ҳаракат карда, дар роҳи худ шишаи мошинҳоро шикастаанд ва ба тирезаи манзилҳои сари роҳ санг андохтаанд.

Шоҳидон ба хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки инҳо асосан ҷавонони 14-18-сола будаанд ва дар бархе маҳалҳо бо ҳам даргир шудаанд. Талоши кормандони милиса ба боздошти онҳо бенатиҷа монда, танҳо пас аз расидани нерӯҳои тозанафас ҳаракати издиҳом боздошта шудааст.

Издиҳом яке аз мошинҳои милисаро низ сангборон карда ва шишаҳои онро шикастаанд. Танҳо расидани нерӯҳои Гурӯҳи таъиноти махсус (ОМОН) бахше аз ҷавонон пароканда ва бахши дигар боздошт шудаанд.

Дар ин навор, ки бо телефони ҳамроҳ гирифта шудааст, нигаронии шаҳрвандон аз ин рӯйодҳо эҳсос мешавад:

Беназмиҳои мухлисони футбол дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00
Линки мустақим


Бино ба бархе аз маълумот вазири умури дохилии Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров низ ба ҷои воқеа омадааст. Мақомоти умури дохилӣ дар ҳоли ҳозир аз шарҳи воқеа худдорӣ мекунанд.

Моҷаро дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки 14-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб, баъд аз бохти дастаи "Равшан" ба "Истиқлол" байни мухлисони футбол ва нерӯҳои умури дохилӣ даргирӣ ба вуқӯъ пайваста, чандин нафар захмӣ гаштаанд. Барои пароканда кардани мухлисони ошӯбӣ кормандони умури дохилӣ аз таркишҳои тарсонанда ва мошини обпош истифода кардаанд.

Дар робита ба ин воқеа 14 нафар боздошт шудаанд. Мухлисони "Равшан"-и Кӯлоб кормандони умури дохилиро масъули даргириҳои Кӯлоб номида, аз он норозӣ буданд, ки ба ақидаи онҳо, дар бозиҳои даста бо "Истиқлол", ки писари раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ яке аз сарпарстони он аст, доварон ба суди "Истиқлол" доварӣ кардаанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон баъд аз баррасии рӯйдод дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб, "Равшан"-и Кӯлобро аз панҷ бозӣ дар ин варзишгоҳ маҳрум ва ба 3000 сомонӣ ҷарима карда буд.
XS
SM
MD
LG