Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафтиши робитаи афсарони покистонӣ бо Ҳизбуттаҳрир


Артиши Покистон мегӯяд, робитаи боз чор афсари дигар ба ҷумбиши манъшудаи исломиро мавриди тафтиш қарор додааст. Имрӯз сухангӯи артиш генерал Атҳар Аббос иброз дошт, ки дар бозпурсӣ иртиботи чор афсар бо Ҳизбуттаҳрир таҳқиқ шуд. Ӯ афзуд, ин чор афсар, ки ҳамагӣ рутбаи майор доранд, дар боздошт нигаҳдорӣ намешаванд. Як рӯз пеш аз ин хабар артиши Покистон раҳбари бригада ё худ воҳиди низомӣ бо номи Али Хонро бо иттиҳоми доштани равобит бо Ҳизбуттаҳрир боздошт намуд.
XS
SM
MD
LG